Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Довар меравад... Ночор се-чор кило гӯшту колбаса ёфта, ба пеши духтур рафтан даркор, халос кунад.
Ин дам бонги мошин аз таҳи дарвоза баланд гашту Кабир гӯё дар бистари худ каждум дида бошад, ҷаҳида бархост ва саросема либосашро ба бар кашид.
Баъд аз тиреза нигаристу дар саҳни ҳавлӣ модарашро бо Бадалбек дар гуфтугузор дида, шитобон аз хона баромад.
— Кабири ҷон... — Бадалбек пеш омаду дасти ҳанӯз ношустаи ҷавонро гирифта, фишурд ва маломатомез, сари ҷӯлидамӯи ӯро молиш дод. — Зуд дасту рӯятро шӯй, ҳамроҳ меравем... Кор-пор нагӯй, касал гуфта ҳуҷҷат мебарӣ-да! Хотирҷамъ... Ҳа, воқеан, қариб аз ёдам баровардам сабил. Ҳуқуқномаи ронандагиатро ҳам гиру паспортатро ҳам. Дар бозгашт мошини худата савор биё. Дар ин ҷо ба Фотима ҳам... ана, ба янгаю амак ҳам даркор мешавад, — Бадалбек ба сӯи модари Кабир, ки дар он сӯтар як лаби рӯяшро бо рӯмолаш пӯшида ҳайрон буд, ишорат кард.

  1. Довар ва Занҷир

Он рӯз Занҷир алафи панҷ сотих қитъаи худро мисли
ҳамеша аз ҳамкорон барвақттар даравид, аммо мисли
рӯзҳои дигар ба ину он кӯмак расонида, рӯзро бегоҳ
накарду ба сӯи бошишгоҳ равон шуд. Чаро ба сӯи
бошишгоҳ рафт, ки ӯро даъват кард, инро андешида,
сонитар худаш ҳайрон буд. Аҷаб не, дилаш мехост то
омадани ҳамроҳонаш, дар танҳоӣ нишаста, соате
андешад, хаёл кунад. Дарвоқеъ, он шабу рӯзҳо Занҷир ба

пешина
аз 538
навбатӣ