Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай аз ҷайб як даста пул бароварду якчанд коғази сурхи даҳсӯмиро рӯи тақсимча партофт, сонӣ як даста пулро ҷудо карду ба пеши Кабир ниҳод.
— Бигиру ба киса андоз... Даркор мешавад, — гуфт вай мастона чашмонашро кушодаю пӯшида.
— И-и... Барои чӣ? А-а, ман а-а, пул дорам.
— Бигир гуфтам, бигир!.. Ин хел майдагап нашав.
Баъд аз ин кисаи ту набояд сабук бошад! Агар кисаи одам сабук бошад, гапаш ҳам намебуррад. Ҳа, инро дониста мон!
— Ман... а-а, пул дорам.
— Э-э, Кабири ҷон!.. Пули моҳона катӣ таксӣ савор шудан намешад!
Домоди ман бошӣ, ҳа, агар домоди ман бошӣ-ӣ, автобус савор намешӣ!.. Ҳа! Хӯш... ҳозир ба ҳавлӣ меравем... Ба ҳавлӣ меравем-у маслиҳати тӯятона мекунем. Тамом! Омин! — Бадалбек каловида аз ҷояш бархосту чаппаю роста дастонашро ба манаҳаш бурд.
Бадалбек маст буд, вале чашму гӯшаш монанди он ҷонвари ваҳшие, ки душмани бисьёр дар камин дорад, боз буд. Вай зуд пай бурд, ки Кабир дар пояш устувор нест, аз оринҷаш сахт гирифту ӯро ба по устувор дошта, аз мадди нигоҳи ҳозирон гузаронд.
Вай медонист, ки Кабир Фотимаро намехоҳад, аммо ӯ дар муомала басо кордида ва ҳаётсанҷида буд ва ҳамеша ҷои сусти одамонро ба ҳадаф гирифта кор мебасту амал мекард. Ҳар як инсоне, ки дар вуҷудаш андаке бошад ҳам ҳирс агар ғолиб аст, ногузир дар доми густурдаи вай дармемонд. Вай фақат дар муомала бо он касоне, ки дар синаи худ ҳирсу тамаъро билкул куштаанд, ночору нотавон мегашт.

пешина
аз 538
навбатӣ