Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Тӯҳфаҳои гаронбаҳо, меҳрубониҳои бекаронаи падар ба вай ҳеҷ таъсире надоштанд. Фотима аз падар пул талаб мекарду бас. Баъзан пули калон мепурсид, сабабу баҳонаҳои гуногун пеш меовард. Бадалбек аз тарси мабодо бегонахӯйтар шудани духтар бошад ё ба умеди дилгарм кардани ӯ ва ё худ дигар ягон андешае хоҳиши ӯро рад намекард. Бо ин ҳама навозишу дилҷӯиҳо вай баъзан аз рафтору кирдори духтар дилтанг мегашт, дар хона рӯ ба рӯи ҳамсараш менишасту паёпай оҳ мекашид, гоҳе инону ихтиёр аз даст медод ва монанди мардони дигар вай ҳам, аламҳои дилашро бо сӯз баён мекард:
«Намедонам, ба ин духтар чӣ бало зад?! Охир, ман баъзеҳо барин инҳоро ошу нони ҳаром хӯронда калон накардаам-ку! Барои чӣ ин хел нокасу кӯрнамак шуд?!»
Кӣ медонад, балки вай ҳасрату армони дар қаъри дил ниҳони худро ба ин тарз изҳор дошт ва ё хавфи худро аз мукофоти амал мегуфт.
- Кабир ва Бадалбек
Рӯзи дигари ин гуфтугузор Кабир баъди кор аз
дарвозаи фабрика берун омаду Фотима бо хандаю
адоҳои ширин ба истиқболаш расид ва дасти вайро
гирифт. Ба назари Кабир чунин менамуд, ки ӯ ҳаргиз он
духтари дирӯз шиносо гаштагиаш не, балки маъшуқаи
солҳои дароз ҳамрозу ҳамроҳаш аст. Азбаски дар ин ҷо
Фотимаро дучор кардан дар хаёли Кабир набуд, вай
лаҳзае аз ин мулоқот дасту по хӯрд, худро гум кард,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё