Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шав, гапзанон кун, сонӣ ин хел «хати қазо навис-дия»
гуфт-а!
— Роста гап ин ки ман фотиҳаи амаки Бадалбекро гирифта, ба назди шумо омадам. Агар ҷавоби суханамро ба ман нагӯед ҳам, ба падар фаҳмонед. Албатта, дар ин синну сол ҳар кас умедворие дорад, дилкашолиаш ҳаст, ин айб не, — Кабир ҳоло ақлу ҳуши худро аз чанги хиҷолату изтироб фароҳам гирифта, суханонашро санҷидаву андешида мегуфт, то дар ҳар гуна вазъият хиҷил набошад.
— Шумо маро ҳайрон кардед, — гуфт ин бор Фотима андешаманд аз рӯи раҳ чашм набардошта. — Маълумоти олӣ дорам мегӯеду, аммо суханҳои гуфтагиатон... — вай дандонҳои тиллояшро намоёнда табассум кард.
— Ба кушодадилии ман нахандед, — сухани ӯро бурид Кабир. — Ман ба ин мақсад омадам, ки... шуморо бинам... Агар ситораамон рост ояду толеамон ба ҳам ҷуфт афтода бошад.
— Ходимони тиб равшану возеҳ сухан мегӯянд.
Мақсад чӣ? — бесаброна сухани Кабирро бурид духтар нигоҳи шӯхаш рост нигариста, чашмони Кабирро гӯё парма мекарданд.
— Мақсад? Мақсад... Амаки Бадалбек... маро ба фарзандӣ... не, аниқтараш ба домодӣ... а-а-а...
сарфароз... кардан мехостанд.
— Ҳа, ана, боиси дилпуриатон чӣ будаст? — Чашмонашро ба ноз гирд гардонду сарашро ба як сӯ хам карда хандид Фотима. Сонӣ барои хайрухуш даст дароз кард. — Паноҳи худо, Кабир ако. Ман имрӯз саросемаам. Дар беморхона маро нигаронанд.

пешина
аз 538
навбатӣ