Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Хуб, шуморо додом барои чӣ фиристоданд? — Фотима дар муомила бо духтарон гӯлии ҳамсӯҳбаташро дониста буд ва ҳоло таноби сӯҳбатро дар ихтиёри худ дошт. — Мақсад аз ин шиносоӣ чӣ бошад?
— Мақсад?.. Мақсад, ҳамту... Шинос шавем, — музтарибона ғурунгос зад Кабир.
— Ғалатӣ, — Фотима моҳирона тааҷҷуби сохта зоҳир мекард. Аслан, вай зимни ин гуфтугӯ ҳаракатҳои дилшикори худро, ишваю адоҳои дилнишинеро, ки бар асари заҳмати зиёди машқ омӯхта буд, ба кор бурда, таъсири онҳоро ба ин ҷавони гӯл амалан санҷидан мехост.
— Хуб, духтару писарро ба чӣ мақсад шиносо мекунанд, худатон медонед, — гуфт оқибат Кабир худро комилан ба даст гирифта.
— Ғалатӣ, — хеле зебо ва дилнишин китф боло кашид Фотима. Чашмонаш гӯё ниммаст бошад, хаёломез ба нуқтаи номаълуме дӯхта шуданд. — Хуб, гап занед, ана, ману шумо шиносо шудем.
— Яку якбора чӣ гӯям? — Ночор ба ин оҷизӣ тан дод Кабир. — Агар фурсат доред, ба кино ё сайру тамошо мерафтем.
— Э, шумо ҷавони ғалатӣ будаед! — бо шавқ қиқиррос зад духтар. — Якбора аз бом тароша афтодагӣ барин. Ҳиъ. Ман ин кас катӣ ба кино мерафтаам!
Нашинохтаю надониста чӣ хел... — Фотима аз роҳ бозистод ва чашмонашро калон карда, ҳайратзада ба чашми ҷавон нигаристу хандид.
Кабир ҳам ҳайрон буд. «Гӯё наълбурут катӣ дидагӣ духтар ин набошад!.. Ё ман саҳв кардам? Ҳайронам...
Нозу адоҳои дилнишин дорад. Ҳаракатҳояш ба худаш

пешина
аз 538
навбатӣ