Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтар ва он навчаи наълбурут ба мошин савор шуданду ба куҷое рафтанд. Кабир ба куҷо рафтану чӣ кор карданашро надониста, лаҳзае дар истгоҳ истоду сипас пиёда ба роҳ афтод. Табъаш бағоят хира шуд. Ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ намехост ба ҳалокати орзуи ширини худ тан диҳад. Ғазабаш меҷӯшид. «Безебу беситора буданаш кам набуд, ки боз ин хел «нағма» ҳам дорад, — мегуфт вай симои Фотима ва ба зери манаҳи он наълбурут ҷафс истода, сухан кардани ӯро пеши назар оварда. — Афсӯс, духтар бераҳа гаштаст. Касофати пулдорӣ, зинату зевардия, — мегуфт вай, бехабар аз он, ки худаш бо исрор ба ин кӯи фалокатосор майл дорад.— Дигар ҳамааш фано шуд. Бадалбек боз ягон духтари қадрас надошта бошад?..»
Вай аз ин хусус раҳораҳ андешид, баъд шаб дар бистари хобаш ҳам, субҳу рӯзи дигар ҳам фикр карду оқибат он умедҳое, ки аз ваъдаҳои Бадалбек дошт, ба вай ғолиб омаданд ва ба худ гуфт: «Гаштагӣ бошад, гаштаст, дар шаҳр кам духтарон бо ҷавонон мегарданд?.. Рӯирост нагарданд ҳам, рустӣ-рустӣ мулоқот мекунанд, лекин на ҳама ба дӯстдораш мерасад... Барои ҳамин аз ояндаи фараҳбахш, аз ҳавлию мошин, аз вазифа даст кашидан аҳмақӣ аст. Гаштани ӯро хешу таборамон намедонанд, балки шиносҳо ҳам намедонанд. Агар аз шиносҳоямон касе дида бошад ҳам, он наълбурутро аҷаб не, ягон хешаш гӯяд...» Кабир ба ҳамин минвол садои номус ва нидои виҷдони худро зӯран хомӯш кард.
Вай баъди ду рӯз боз ба донишгоҳи Фотима рафт, вале ин бор духтар дар ҳалқаи дугонаҳояш ба куҷое саросема рафту Кабир мавриди шиносоӣ ва гуфтугузор наёфта баргашт.

пешина
аз 538
навбатӣ