Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Меравӣ, Занҷири ширин?.. Кабоб нахӯрдӣ... Хуб, майлат... Ист-ист... Ба ман нигар... Ҳаросон нашав...
Занҷир гумон бурд, ки мудир боз гӯшт гир гуфтанист, бинобар он, истоду баргашта лаб ба инкор ҷуфт кард, вале ин дам Бадалбек чаҳиду аз банди дасти вай дошт.
— Сар диҳед. Дод мегӯям...
— Як даҳан гап дорам, Занҷир... Суханамро шунав, сонӣ бирав... Бе ту ба ман зиндагӣ ҳаром шудаст. Бовар кун... Ин ҳазл не... Аз баҳри ҳамааш мебароям, туро мегирам. Ба шаҳр меравем, ҳавлию макон мехарему зиндагӣ мекунем. Давлати ман ба ҳафт пуштат мерасад.
— Бадалбек саросема, тез-тез сухан мегуфт, вале Занҷир ба гуфтаҳои ӯ аҳамияте надода, барои халос кардани дасташ зӯр мезад, печутоб мехӯрд, вале кӯшишаш натиҷае намедод,
— Гапамро фаҳмидӣ? Аввал бигӯ. — Бадалбек аз дасти Занҷир сахт гирифта ӯро ба худ наздик кашид.
— Дастамро сар диҳед, — зӯр мезаду дар изтироб печутоб мехӯрд Занҷир.— Сар диҳед... Шарм доред...
Нокас...
— Ма,— Бадалбек як дасташро ба ҷайб заду се - чор қоғази шараққосии панҷоҳсӯмиро бароварда, ба ҷайби духтар ниҳод. — Тӯҳфа... тӯҳфаи аввалини ман... Барои худат ягон чиз хар... Суханҳои маро фикр кун.
Дурусттар фикр кун, Занҷири ҷон. Беақлӣ накун, сухани ман нашикастаст ва намешиканад.
— Сар диҳед... Э, шумо одамед ё...
Ин лаҳза дарича ғиҷиррӣ карда садо бароварду Шогадо ва ду тан молбон даромаданд ва Бадалбек дасти Занҷирро раҳо кард. Ашки духтар якбора ба рӯяш рехт ва ӯ бо фиғон худро ба дарича зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё