Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— тамасхур мекард вай. — Кӣ аз музди кор зиндагии бошукӯҳ дорад? Кӣ? Кӯдак ҳам инро медонад, аммо гаштаю баргашта ба ман талқин мекунанд, ки бо музди кор зиндагӣ кунам, ин ҳалол аст, дигараш — ҳаром. Не, ман аҳмақ нестам...»
Кабир ҳамин андешаҳо дар сар имрӯз ба дидани духтари Бадалбек омад. Ҳоло вай андаке бо виқор ва тамкини махсус гоҳ-гоҳ ба чашми духтар нигариста, саъй мекард шавқмандиашро бештар бо нигоҳаш баён кунад. Ба ин вохӯрӣ вай бо диққат омодагӣ карданаш ба назар мерасид: куртаи оҳории арзан пошидагӣ барин майдагул, галстукаш ҳам сурхи рахташ нашикаста, костюми идпӯшиаш дар тан, мӯяшро бо ҳавсалаи тамом равған молида шона зада буд.
Нигоҳи Фотима сарду бепарво, метавон гуфт ба атрофиён беалоқа менамуд. Аз инчунин ваҷоҳаташ ӯро духтари батамкин ва ахлоқан поку мубарро тахмин задан мумкин буд. Вале дар умқи чашмони ӯ андӯҳу аламе соя андохта буд, ки онро чашми ҳама кас намедид. Оре, андӯҳе, ки аз саҳв, аз рашку ҳасад ва бухлу аламҳо бармеояд, кулфати дарди бедавоеро мемонаду ҳар инсонро берабт мекунад, одатан, ба ин зумра ҷавонону духтарон муддате тамкин мебахшад.
Вай ҳусну малоҳати назаррабо надошт, вале бенуру беҷозиба ҳам набуд. Мӯи сиёҳи ҷилодор, қомати мавзун ва чашму абрувони сиёҳу фаттон дошт. Ғурур ва ба худ бино мондани духтарро намегӯед! Баъзе ҷавонони даврони мо ба ғурури духтар ошиқанд, хоксору сарафкандагонро намеписанданд. Ба ҳар ҳол, бо ин ҳама сару либос ва зару зевар фурӯтаниро агар ширеш кунед

пешина
аз 538
навбатӣ