Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Онҳо ба дӯши якдигар такья карда, каловидакаловида аз ресторан берун шуданд. Бадалбек бо овози баланд сухан мекард, Кабирро гоҳ «додарам» мегуфт гоҳ «писарам».
Кабир сархуш буд, аз ин суханон бештар сараш гашт.
Ваъдаҳои Бадалбек ҳар қадар меафзуд, сари вай ба ҳамон андоза гаранг мешуд, вале лаҳзае баъд боз малул буд, ки ҳамроҳаш мастона ҳарзагӯӣ дорад. Вале Кабир ба ҳақиқати ин суханон бовар кардан мехост, аз ин сабаб ба нерӯи ирода шакку шубҳаро бартараф месохт.
Ҳоло ба вай чунин менамуд, ки баякборагӣ аз дуньёи оддию беранги худ ба олами рангини орзуҳои бузург афтодааст. Дили пурмуддаои вай аз ин ҷаҳони Бадалбек офарида ба ҳеҷ ваҷҳ берун рафтан намехост. «Бахтам омад кард, бояд домани инро аз даст надиҳам. Бахт як бор ба рӯи кас механдад, фақат як бор! Хуб, ана, Занҷир духтари нағз, хушрӯ, лекин ҳамроҳи вай ба ҷое намерасам. Бесабаб нагуфтаанд, ки хок гири, аз хоктӯдаи баланд гир. Ҳозир гап-гапи Бадалбек. Агар духтараш маро назару писанд накунад, ё ягон ҷавон катӣ қавлу қасам дошта бошад, чӣ мекунам? Хӯш?.. Ба қавли додош, ба хосту нохости вай корам чӣ. Ман ба хотири падараш, барои сарвату таъсири ӯ ба вай хонадор мешавам. Ин мардак дар сари суханаш истад, шуд. Аслан, ман барин домодро ин қишлоқӣ аз куҷо меёбад...» Кабир бо ин андешаҳо худро таскин мебахшид, зеро ба ваъдаҳои зиёда саховатмандонаи Бадалбек бовар кардан хоҳад ҳам, як гӯшаи қалбашро шубҳаю нобоварӣ мехарошиду ӯро ноҳинҷор медошт. Вай аллакай умедҳои худро ба ин мард сахт пайваста, дар рӯи боли орзуҳои тозае парвоз дошт. Дар маҳаллаашон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё