Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бинанд, ситорааш хуш меояд, ё не.... Эҳ, агар мард мебудам, духтари дилписандамро чунон дӯст медоштам, ки ишқи ман дар забонҳо афсона мегашт. Не, ин ҷавонон дӯст дошта наметавонанд. Худашонро дӯстдоранд. Ана, Кабир ҳам сабр кунем гӯям, қаҳраш омад. Чаро ҷавонон ин қадар худпарастанд, фақат сухани худ, майлу хоҳиши худро инобат мекунанду бас?
Ба атроф менигараму ана, он Довар барин ҷавони яклухт, ҳунарманду худшиносро кам мебинам. Дар байни мардони миёнсолу солдидаи корхонаамон ин қабил одамон ҳастанд, аммо ҷавонон — аксар майдачуйдаи худписанд. Ана, устои мо амаки Лочин чӣ хел марди наҷибу пуртамкин. Аз ин ҷавонон кӣ вай барин мешавад? Кӣ вай барин бар замми шаш фарзанди мактабхонаш ду кӯдаки рафиқашро ба фарзандӣ мегирад? Зану шавҳар бо мошин ба дарьё парида, ҳалок шудаанду ду кӯдакашон рӯи хона мондаст. Сараввал хешу табор фарзандон ва молу ҳоли ду берӯзиро соҳиб шудаанд, аммо сонӣ-сонӣ бачаҳоро нағунҷондаанд, Лочин-амак хабари саргардонии кӯдаконро шунида, аз паи онҳо рафтаст. Бадалбек баринҳо гумон доранд, ки пулдорӣ — маънии ҳаёти одам аст. Не-е, ин тавр набудагист. Номи неку кори нек дар дуньё асосу эътибори одам аст. Бибиам қиссаи Ҳотами Тойро мегуфтанду таъкид мекарданд: «Ростӣ ҳамеша роҳатрасон аст». Ман мехоҳам, ки шавҳарам ана ҳамин амаки Лочин барин бошад. Ба фикрам, илм гирифтан катӣ на ҳама кас оқилу накӯкор мешудаст, аммо одами накӯкор ҳамеша оқилу доно ва дӯстрӯй аст. Хайр, аҷаб не, Кабир ҳам ба синни он кас дарояд, ҳалиму дильёб ва пухтаю суфта мешудагист.

пешина
аз 538
навбатӣ