Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Намедонам, валлоҳ... Набуд.
— Нав буридагӣ барин, — гуфту Салима ба он чок ангушт дароварда аз даруни матрас як тӯбча риштаи рангоранги пургиреҳро гирифт. — Ана, нагуфтам, ки гулӯямро касе хафа кардагӣ барин, дилам ғашу ғил...
Ҳар ду ба он чиз мутаваҷҷеҳ шуданд. Ирина аз каташ бархоста омад.
— Ҳафт хел ришта... ана, ин аз мӯи худат... ана, инаш латтаи дуо... Туро афсун кардаст, духтар, — гуфт Салима бо тантана.
Риштаҳои пургиреҳро ҳар яке ба даст гирифта диданд.
— Акнун чӣ мешавад? — гуфт Занҷир ба зӯр овоз бароварда. — А?.. Чӣ кор кунам? — Ранги вай канда, чашмонаш бо изтироб ба ҳар яке бо навбат менигаристу имдод талаб дошт.
— Ба як канор бару сӯз, — гуфт Салима монанди занҳое, ки ин хел сиру савдоро бисьёр дидаанд, ба тамкин ва эътимод. — Рӯзи шанбе ман туро ба як ҷо мебарам, афсуни ӯро мегардонанд.
— Ба дили духтар ваҳм андохтӣ! — гуфт Ирина маломатомез ба дугонааш нигариста. — Бовар накун, Занҷир, гап аст ин, содда нашав.
— Гап будаст! — тамасхуромез писханд кард Салима. — Ку бинем, «гап аст» гӯён гардад, баъди як моҳ дар пеши ин духтар «Бадалбек лоиқи ту не» гӯю бин!
Сири гипнозу афсунро ҳеҷ кас то охир намедонад, Ирина! Олимон ба ин иқроранд.
Занҷир аз хусуси бо афсун гарму хунук карданҳо дар деҳа қиссаҳои бисьёр шунида буд, аммо то имрӯз ба ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё