Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Мо одат кардаем, агар ба шарҳу тавзеҳи илмии чизе ақламон нарасад, онро афсонаву мавҳумот мегӯем.
Ирина, ту ба ман бовар кун, як духтари қобилу меҳрубон ба як марди нафратангез, ки худаш ӯро аз бало бадтар медид, мерасам гӯён, аз падару модараш рӯй гардонд.
— Нағз дида бошад...
— Он мардро ягон зану духтар хуш намекунад. Як одами ҳайвонсуробе.
— Хуб ана, агар дили Занҷирро бо афсун гарм карда бошад, мебинем. Ҳой духтар, гап зан, — Ирина ба Занҷири андешаманд рӯ овард, — дил-пилат ба он амак ҷиз-пиз мекунад?
Занҷир табассум кард, сонӣ даст афшонду беҳудагӯӣ чи даркор гуфтан хост, аммо хавотириаш аз авзояш маълум буд.
— Занҷир, ӯро дар хона танҳо монда, чоймонӣ баромадӣ-а? — ба таҳқиқ пурсуҷӯ дошт Салима.
— Ҳа, як чойник чой кун, ташнаам, гуфт, меҳмонро «берун баромада ист» гӯям?
— Шуд. Бархез, як бор бистаратро ковам, — Салима ба назди кати ӯ рафт. Занҷир зоҳиран бепарво дар рӯи ҷогаҳ дароз кашида, китобро варақ мезад. — Ман ба ту мегӯям, бихез, шӯхӣ мапиндор, одами пулдор аз хас мадад гӯён, ба ҳар як чора дудаста мечаспад.
Ҳозир ба хона даромадаму дилам дигаргуна тапидагӣ барин, сарам гирд гашт.
Салима кӯрпаю болишти Занҷирро афшонда бо диққат нигаристу оқибат дар як канори матрас чокеро дида, аз Занҷир пурсид:
— Ин чок пештар буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё