Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
нокасон мезанад? Кай? Баъди хоку туроб гаштани ман?»
— мегуфт вай гоҳе итоб намуда худ ба худ.
Айёми охир Занҷир пай мебурд, ки Бадалбек бо ҳамхонаҳои ӯ чӣ муомилае дорад. Иринаю Салима алоқамандии худро бо Бадалбек аз ӯ махфӣ медоштанд ва ин кори онҳо ба Занҷир алам мекард. Хавфаш аз он буд, ки Бадалбек дильёбӣ кардан метавонад, ҳамхонаҳояшро ба худ моил мекунаду бо ҳамин дасту пои ӯро билкулл мебандад. Аммо ин гумони ӯ ғалат буд:
Иринаю Салима сидқан ба вай некхоҳӣ доштанд.
Баъзан аз ин гапу корҳо Занҷир ончунин дилгир мегашт, ки таваккалан ба ягонтаи ҳамин хостгорон розигӣ додан мехост. Ҳангоми чунин дилтангиҳояш ҳатто Бадалбек ҳам дар назараш як марди наҷотбахш ҷилва менамуду мегуфт: «Ҳам аз худу ҳам аз ин одамон безор шудам. Агар Бадалбек зан намедошт, ба ҳамин пирсаг мерасидаму аз ин моҷароҳо ду-се рӯз осуда зиндагӣ мекардам...» Баъд фикр мекард, ки ба рӯи зани Бадалбек ва фарзандони ӯ, ба чашми ҳамдеҳаҳо чи гуна нигоҳ мекунад. Занҷир ин ҳолро пеши назар меоварду вуҷудаш ба ларза медаромад. Бо вуҷуди ин, хусусан, баъди он, ки Кабир ӯро малул кард ва дигар ҷавони шоистатаре ба вай дучор наомад, Занҷир гоҳ-гоҳ аз Бадалбек ёд меовард. Дар фабрика аллакай алоқамандии ӯро бо Кабир медонистанд, пичир-пичиру гӯшакиҳои онҳо ҳам ӯро бефароғат месохт. «Ҳамин хел овозаҳо чи хел пайдо мешаванд, паҳн мегарданд ва боз оҳиста хомӯш мегарданд, ҳеҷ кас намедонад, — мегуфт ӯ ҳоло,
— Аслан, овоза ҳам огоҳӣ аст, бонги хатар ва ё ба ҳуштаки поезд монанд аст. «Кӣ гуфт, кӣ паҳн кард?» гӯён овоза катӣ мубориза карданӣ мешаванд, ки ин кори сирф беҳуда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё