Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Сеюмӣ мегӯяд:
«Бародарон, исту бисти ман гуноҳ аст. Ошиқ будаму ринди бенамоз. Кори савобе ҳам накардаам».
Мусофирон таваккал бар худо мекунанду ба роҳ медароянд. Дар ними раҳ санге аз боло парида ба сари соҳиби деҳа мезанаду ӯ ба наҳри хурӯшон меравад.
Санги дигаре ба дасти чапи тарозудор мезанад, вай ҳам ба об меравад, аммо бо як даст аз соқаи бодоме, ки дар канори об мерустаст, дошта, амон меёбад. Марди ринд бе ҳеҷ осеб дасти тарозудорро гирифта, он роҳро ба поён мерасонад. Мусофирон дар поёни он роҳи сахт ба манзили шайхе медароянд ва ҳар яке саргузашти худро мегӯяду эзоҳ талаб мекунад.
«Тарозудор, ту ҳар рӯз кӯдаки бекасу кӯеро кор мефармудиву бо як нон ва як каф бодом навозиш мекардӣ, — мегӯяд шайх. Ноне, ки бо дасти рост ба бача медодӣ, дасти рости туро сипар шуд ва бодом ба имдодат расид. Ту, — ба дигаре рӯ меовард шайх, — марди ошиқу ринд будаӣ, азбаски ба ҷони касу моли касон қасде накардӣ, гуноҳи ту кам аст...»
— Ана, ҳамин тавр, духтарам хотирҷамъ бош, ҳар як сангу чӯби ин замин ба сари вай нобакор мезанад, чунон ногаҳонӣ мезанад, ки... Насиҳати ин бибии пиратро дар гӯш дор, ҳушьёр шав, духтаракам, ба ҳамин гаштанакот ҳам бахилӣ мекунанд, бахил агар ба саг бахилӣ накунад, бахил не, мегӯянд, — талқин мекард бибӣ.
Занҷир ин суханони бибиро ҳар замон ба ёд оварда, чашмдор буд, ки дар ивази ростию некдилиаш ӯ ба мурод мерасад. «Аммо кай ҳамон санги сазо ба сари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё