ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ОҲУИ МАН ҲАМ ОМАД
Ожангҳои пирӣ бар рӯйи ман ҳам омад,
Барфи сафеди гардун бар мӯйи ман ҳам омад.
Боди ҳаводису вақт бурд аз танам ҳама нақд,
Сели фалак фурӯ рехт, бар ҷӯйи ман ҳам омад.
Тухме ба вотаи ман ҷуз ишқ менарӯйид,
Ин зардпечаки ғам бар кӯйи ман ҳам омад.
Минои ман ба минӯст, хонад маро ба сӯяш,
Пайки башорате аз минӯйи ман ҳам омад.
Шаббодаҳои васлат бигзашт аз сари ман,
Фасли хазону ҳасрат бар сӯйи ман ҳам омад.
Ин тирамоҳи заррин бар дӯши ман тило рехт,
Хушрӯйҳо расиданд, хушрӯйи ман ҳам омад.
Ин оҳи ман чу оҳу дар чор сӯ чаро дошт,
Оҳуи ман зи ман рафт, ёҳуйи ман ҳам омад.
7.08.2016.
ДУРӮҒИНА
Ситораҳо дурӯғанд, шарораҳо дурӯғанд,
Шукуфаҳо ба кунҷу канораҳо дурӯғанд.
Ҳама, ҳама дурӯғ аст, ману ту ҳам дурӯғем,
Ҳама, ҳама фиреб аст, назораҳо дурӯғанд.
Намонда роҳи омад, намонда роҳи рафтан,
Қатораҳо шикаста, қатораҳо дурӯғанд.
Ситораҳо дурӯғанд, дар асл сарди сарданд,
Ҷилояшон фиреб аст, ба тораҳо дурӯғанд
Куҷост дини ҳақбин, куҷост он ҳақи дин,
Манораҳо зиёданд, манораҳо дурӯғанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё