ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Талхро ширин фурӯ бурдан ба ком,
Гиряро бо рӯи хандон зистан!
Дардро, то ки бурун н-ояд, ба дард
Дошта дар зери дандон, зистан!
Парваридан рӯҳро аз тан раҳо,
Болафшон чун уқобон зистан!
Дар фарози осмони зиндагӣ
Абри гирён, шамси тобон зистан.
Зиндагонӣ чист, эй ҷон, зистан,
Теғ дар дил, захм дар ҷон зистан…
Июни 2011
МАРГ
Марг аз рӯзи нахустин бо мост,
Дар таҳи бистару болин бо мост.
Гиряду ханда кунад ҳамраҳи мо,
Ҳамчун оинаву оин бо мост.
Гоҳ зангӯла занад дар дили мо,
Ки шитобед, ки таскин бо мост.
Матлаъи ӯ хати ожанги ҷабин,
Чораат чист, ки чун чин бо мост.
Дар қудуме, ки гузорем ба хок,
Дар замин ё ба сари зин бо мост.
Аз ҳама ёр вафодортар аст,
Дар ҳама лаҳза, ки ҳамшин бо мост.
Ҷони мо мурғи гирифтори қафас,
Ӯст чун силаи симин, бо мост.
Ӯ давои ҳама дарду доғ аст,
Додрас, довари дерин бо мост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё