ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Эй ту рӯшан аз шуҷоат, эй ту шодон аз шараф,
Эй дурахши умри зебо, лолагун рӯидаӣ!
Ханда кун, эй гул, алайҳи хор, аз ин остин Ҳамчу дасти хайру эҳсоне бурун рӯидаӣ!
8.02.2011
ВАҚТАМ НЕСТ
Ишқ омад борҳо, гуфтам, ки: – Вақтам нест,
Ёри ман гуфто: – Биё! Гуфтам, ки: – Вақтам нест.
Ёр гуфто: – Чанд гирди хона мегардӣ,
Боз кун дарро, даро! Гуфтам, ки: – Вақтам нест.
Ақл мегуфто, ки: бо роҳи хато рафтӣ,
Тарки ин раҳ кун, баро! Гуфтам, ки: – Вақтам нест…
Ҷуръати ман гуфт: – Сӯзон дардҳоятро,
Шӯъла зан, худро намо! Гуфтам, ки: – Вақтам нест.
Вақти ман бо ман набуд?! Чун зистам бе вақт
Ман, ки аз вақтам раҳо, гуфтам, ки: – Вақтам нест.
Зистам ман кушта-кушта вақтро бо вақт,
Вақт омад чун даво, гуфтам, ки: – Вақтам нест.
20.11.2010
ЗИНДАГОНӢ ЧИСТ?
Зиндагонӣ чист?! Шодон зистан!
Дар дили зулмат дурахшон зистан!
Бори сад номард бар дӯшат, вале
Дар қатори родмардон зистан!
1
Аз тафи тӯҳмат натӯфидан даме
Дар тафи тафбоди тӯфон зистан!
Натӯфидан – наларзидан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё