Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Субҳи дил аз кадом гиребон дамад, агар
Як худфурӯзи содиқи шабзиндадор нест.

Чун метавон ба пояи ту дастком шуд,
Пойе ба роҳи ҳиммату дасте ба кор нест.

Ҳастанд ҳамҷавор басе, ҳамканор ҳам,
Оне ки ҷон барои ту созад нисор нест.

Кас нест то хабар бубарад бар гули баҳор,
Нашкуф аз ин фиреб, ки ҳоло баҳор нест.

Ҳар кас ки шамъи ишқ барафрӯхт, огаҳ аст,
Нуре ки ҳаст дар дили шаб дар наҳор нест.

Имрӯз ҳам навои аналҳақ зананд, лек
Он марди сарбаландтар аз пойи дор нест.

ОЁ КУҶО РАФТ?

Бипурс аз хештан оё куҷо рафт,
Ҳама тире, ки аз дастат раҳо рафт?!

Фазоро пардаи исмат даронид,
Ҳама тире, ки аз инсон хато рафт.

Касе зад тир, тираш боз омад,
Варо худ аз варо то моваро рафт.

Зи боло бар сарат резад балоҳо,
Агар тират ба боло нобаҷо рафт.

Тароватҳои айёми ҷавонӣ
Чунон, к-аз дасту пойи мо ҳино рафт..

Камон омад, камон шуд қомати ман,
Вафо рафту сафо рафту бақо рафт.

Давидам сӯйи даргоҳаш ба уммед,
Бигуфтандам: Куҷо будӣ? Худо рафт...

пешина
аз 218
навбатӣ