ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ДАР КАНОРИ ЗИНДАГӢ
Ман сафедорам канори рӯдбори зиндагӣ,
Сарфарозу сабзу хуррам дар мадори зиндагӣ.
Эй Худо, дар шохсорам лонаи паррандаҳост,
Он мабод аз чӯби ман созӣ ту дори зиндагӣ.
Ҳарчи омад аз қазо бар дӯш, ман бардоштам,
Ман наяфкандам зи дӯши хеш бори зиндагӣ.
Эй ки чун маркаб шудиву зиндагӣ гаштат савор,
Зиндагиро ром кун, худ шав савори зиндагӣ.
Зиндагӣ ҳам дӯст медорад ҳамон касро, ки ӯ
Будааст аз мағзи ҷонаш дӯстдори зиндагӣ.
Зиндагӣ ҳам хешро созад нисори он касе,
К-ӯ вуҷуди хешро созад нисори зиндагӣ.
Боварат гар монд тарсу пушти девори ҳавас,
Нестат ҷои гурез аз инҳисори зиндагӣ.
Зиндагӣ мард аст, бо ӯ ҳар нафас мардона бош,
То ки бошӣ сарбаланди нангу ори зиндаӣ.
Зиндагиатро бидеҳ оро ба монанди арӯс,
То нигоҳи вопасинат бош ёри зиндагӣ.
Ман на онам, то варо помоли номардон кунам,
Сар ба гардун мекашам дар зери дори зиндагӣ!
ДАР САНГҲОИ ХУФТА
Дар сангҳои хуфта паёми шарор нест,
Санге шарорабор дар ин кӯҳсор нест.
Омад садои мурғи дили ёри интизор,
Садҳо савор омаду он шаҳсавор нест.
Эй ҳамватан, чӣ суд зи даъвии марзу бум,
Гар дар шамими васли ту бӯи диёр нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё