ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ХАБАРАМ НЕСТ
Аз азизони зи мо рафта хабар нест дигар,
Пири андарзбалаб, маҷмаи фар нест дигар.
Ҳама ҷо дар раҳи мо панҷараҳои девор,
Ҷониби хеш маро роҳи гузар нест дигар.
Падарам буд, ки мегуфт чунин бошу чунон,
Падари хеш нагаштем, падар нест дигар.
Ба биҳишт аз лаби мо лафзи биҳиштӣ ҳам рафт,
Вожа андар лаби мо ширу шакар нест дигар.
Шеър оинаи одобу ҷалоли мо буд,
Шеъри гап пур шудаву шеъри ҳунар нест дигар
Ҷигарам об шуду рехт, фидо шуд ҷонам,
Бе ту, эй ҷону ҷигар, ҷону ҷигар нест дигар.
Ба сарам бебасарии басарам бори сар аст,
Бори сар гашт фузунтар, худи сар нест дигар
Охирин ҳарфи хабар бехабаронро ин аст,
Ки хабардору хобаргиру хабар нест дигар.
11.09.2016.
НАВБАҲОРО, ГУЗАРАТ
АЗ ЧӢ МАКОН АСТ КУНУН?
Навбаҳоро, гузарат аз чӣ макон аст кунун?
Домани сабзи ту дар дасти хазон аст кунун...
Чӣ сабук болу пар афрохта будӣ дирӯз,
Сар барафрохтани ту чӣ гарон аст кунун.
Рӯд, он рӯди пур аз шӯру қиёму лабрез
Бе шааф, сархаму саргашта равон аст кунун.
Мепарид аз сари харсанг ба сад шӯру фиғон,
Баста дар зергаҳи санги гарон аст кунун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё