Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

...Дарк кардӣ?! Дарк кардӣ!?
Сар бидеҳ акнун гиребони маро!

Дигарон кайҳо гирифта аз гиребони фалак,
Дигарон кайҳост роҳе бурдаанд
Аз ниҳоди мӯр то табъи малак.

Рав ту акнун,
Аз гиребони худат гир,
Аз гиребони хурофот!
Аз гиребони таассуб!
Аз гиребони ҳамон Иблис, шайтони лаин,
То раҳо бахшӣ худатро,
меҳанатро,
миллататро
Охируламр
аз ҳама офот,
аз ҳама ифрот..!

ЭЛАК

Барфҳои бар сари ман рехта
Дар ман аз худ бас сафедӣ мондаанд.
Он ҳама борони раҳмат дар дилам
Аз тароватҳо умеде мондаанд.

Аз танам, аз тор-тори ҷисми ман
Бодҳои солҳо бигзаштаанд,
Тор-торамро наво андохта,
Бо ҳазору як наво бигзаштаанд.

Вақт ҳаргиз аз сарам нагзаштааст,
Вақт дар ман зиндагонӣ кардааст,
Ҳар нафас, ҳар лаҳза андар ҷони ман
Созу шӯри осмонӣ кардааст.
Тор-торамро ба нохунҳо зада,
Боди даврон хуб ҷонамро навохт.
Гоҳ оҳанги ҳазину гоҳ шод
Дар ниҳодам ҷону дилро мегудохт.

Ман тарозуи ҳақиқат будаам,
Будаам ғалбери инсофи башар,
Ҳарчи ман полудам, аз ман рафт, рафт,
Монд гарду резасанги бесамар...

Байни фанду ростӣ истодаам,
Дастеам бар хайру дастеам ба шар,
Зиндагӣ аз дасти ман сӯйе кашад,
Марг аз дастам кашад сӯи дигар.

Ман вале бар осмонҳо мепарам
Чун бувад ишқи Худоям болу пар.
Марг, эй марг, он чи мегирӣ зи ман
Нест ғайр аз пӯстлохи бесамар...
Сентябр, 2016.

ДАР СОҲИЛИ ВАРЗОБ
«Обро гил накунем...»
Сӯҳроби Сипеҳрӣ

Эй баболобудагон! Эй сокинони деҳи боло!
Обҳо ғажданд, вовайло!
Обҳо лоянд аз боло!
Тоза доред обатонро!

Селҳои нобаҳангоми замон бас нестанд?!
Бар сари оби равони ҷӯй мерезед Қаҳратонро, заҳратонро, ғадратонро, ғобатонро, Он ҳама мағзобаву партобатонро...

Муҳтарам, эй мардуми боло!
Обҳои тоза нӯши ҷонатон!
Пок бодо чун зулоли чашмаҳо чашмонатон!

пешина
аз 218
навбатӣ