Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЧИСТ РОҒУН?

Чист Роғун? Кохи шаъну эътинои миллат аст.
Саргаҳу сарчашмаи суру шуои миллат аст.

Нест дарғот, ин ки бо худ пеши дарёро бубаст,
Синаи пешонисори Пешвои миллат аст!

Балки Роғун ормон аст, ормони халқи мост,
1
Интиҳояш ибтидои иртифои миллат аст.

Миллате, ки нур меҷуст аз замони Зардуҳишт,
Нури худро ёфт, нураш дар намои миллат аст.

Миллате, ки нур дорад дар дилу дар чашму рӯй,
Рӯшноӣ дар дилаш нури раҳои миллат аст.

Балки Роғун сурати ин халқи равшандил бувад,
К-ин ҳама ҷаҳду талошаш аз барои миллат аст.

Ахтарафшон як ҷаҳони дигаре дар умқи кӯҳ,
Рамзи покии замири босафои миллат аст.

Ин ҳама эъҷози дар рӯи ҷаҳон бесобиқа,
Аз ватандорист, зеро ин бинои миллат аст.

Халқи мо ин ҷо ниҳоди хешро бинҳодааст,
Чун дар ин бунёд фардои бақои миллат аст.

Санг-сангу хок-хоки кӯҳро ғалбер кард,
Ишқи Меҳан, эй азизон, раҳнамои миллат аст.

Ҳар чароғе, ки фурӯзон мешавад дар хонае,
Ахтари бахту муроди мо, зиёи миллат аст.

Мо на Роғун, хешро аз обу хокат сохтем,
Эй Ватан, эъҷозкори ту вафои миллат аст.
14.03.2018. – 09.00, Роғун.

Иртифоъ – баланд шудан.

пешина
аз 218
навбатӣ