Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

Парчами аввалини миллати мо
Буд пешбанди марди оҳангар.
Дар сари дасти Кова боло шуд,
Дар раҳи адл, дар раҳи бовар.

Парчами аввалини миллати мо
Парчами шаъну додхоҳӣ буд,
Аз паси парчами ҷасорату адл
Сӯйи инсоф халқ роҳӣ буд.

То Фаридун варо мунаққаш сохт,
Парчами тахту тоҷи меҳан кард.
Парчами Ориёни лотасхир
Шомҳоро чу субҳ рӯшан кард.

Парчами аввалини меҳани мо
Дар сари найза парфишон омад.
Зидди ҷабри замона, зидди зулм
Мисли хуршеди осмон омад.

Парчами мо ливои фирӯзист,
Ковиёнӣ дирафши даврон аст.
Дар фарози самои озодон
Ҳамчу Симурғ болафшон аст.

Парчами мо ҳидояти некист,
Рамзи иқболи бегазанди мост,
Парчами мо шукӯҳи озодист,
Парчами мо сари баланди мост!
ВАТАНИ ҚОНУН

Ба бузургдошти
Конститутсияи Тоҷикистон

Миллати мост, к-аз замони қадим
1 Аз Ҳуқуқи Башар башорат дод.
Ибрату дарси адлу қонунро Бар тамоми ҷаҳон иморат дод.

Миллати мост, к-аз замони қадим
Монд бар ёдгори худ Қонун.
То шиносад ҳуқуқи худ инсон,
По намонад зи ҳадди худ берун.

Аз Ҳуқуқи Башар башорат дод
Бар замину замон Курӯши Кабир.
Миллате, ки ба ҳикмати Зардушт
Буд худ дар талеаи тақдир.

Одамизод соҳиби Қонун
Шуд ба ҷаҳди гузаштагони мо,
Парчами мост аввалин Парчам,
З-аввалинҳо бувад Нишони мо.

Миллати мо ҳамеша ойина
Дошт дар пеши рӯяш аз Қонун.
Хайру некиву родмардиҳо
Буд ӯро ҳамеша андар хун.

1 Ҳанӯз солҳои 500-уми то мелод, яъне 2500 сол пеш Курӯши Кабир
– бунёдгузори давлати Ҳахоманишиҳо Эъломияи Ҳуқуқи Башарро эҷод ва ба инсоният пешиҳод карда буд, ки имрӯз дар роҳрави ошёнаи дуюми СММ ба маърази намоиш гузошта шудааст.

пешина
аз 218
навбатӣ