Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БИЁ, ЭЙ ИШҚ, МАЪНО РЕЗ ДАР МАН

Дубайтиҳо

Касе бо шеър бошад, бо шуъур аст,
Даруни синааш як сура сур аст.
Дар ин ойин ишқ оинадор аст,
Дар ин оина ойиндор нур аст.

Шитобон аз паси пирист фардо,
Пушаймон гаштани дерист фардо.
Расидам ман ба фардову бидидам,
Ки чизе нест, чизе нест фардо.

Ту фардо ҷустаӣ, фардо чи колост,
Ки фардои ту фардо нест, ҳолост.
Ту аз имрӯз агар фардо наёбӣ,
Ба фардоят на имрӯзу на фардост.

Ба фардо омадам, дидам фаре нест,
Ба сардор омадам, дидам саре нест,
Ба дарё омадам, дарё фиғон кард,
Ба дунё омадам, дидам даре нест.

Ба дарё омадам, дарё дилам шуд,
Ба ту дил бастаму дунё дилам шуд.
Зи чашмонат шароби нур мерехт,
Ба дастам соғари мино дилам шуд.

Ба дарё омадам, дарё равон аст,
Дилам то вопасин набзаш ҷавон аст.
Дилам то охирин нуре, ки дорад,
Чароғи раҳнамои ошиқон аст.

пешина
аз 218
навбатӣ