Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷону ҷигарам ба дард дар тан месӯхт,
Чашму дили ман ба рӯзи равшан месӯхт.
Дар пайкари ман пайкари меҳан месӯхт,
Ин ҷангали оташзада дар ман месӯхт.

Он дар, ки ба пушти он манам, ин дар нест,
Ман худ дари хеш ҳастаму дигар нест.
Ту он дари хонаро кушодӣ, дари ман
Ғайр аз дари қалб, ҷуз дари бовар нест.

Дар кӯчаи ишқ ҷустуҷӯ беҳудаст,
Дар ҷустани ишқ гуфтугӯ беҳудаст.
То худ н-ояд, ҳазор зарҳал пошӣ
Дар омаданаш ба роҳи ӯ, беҳудаст.

Аз об матарсу обхези обон,
Метарс аз оби обрӯи резон.
Сели авалӣ хароб созад полез,
Сели дигарӣ хароб созад виҷдон.

Гар мард бигиряд осмон мегиряд,
Девору саройу остон мегиряд.
Дар гиряи зан ҷону ҷигар гирён аст,
Дар гиряи мард худ ҷаҳон мегиряд.

Ту дар бикушодаву дар он ҷо на манам,
Он ҷо, ки манам, нест даре, нест танам.
Он ҷо, ки манам, қатори ар-ар лаби рӯд,
Аз бӯи гули ёс бувад пераҳанам.

Одам! Чу туӣ ҳамеша пайванди чанор,
Аз ёд мабар ту ҳаргиз ин панди чанор.
Оташ назананд то ба ҷисму ҷонат,
Дар оташи хеш сӯз монанди чанор.

пешина
аз 218
навбатӣ