Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман садқаи он даме, ки бо ман мондӣ,
Фар рехта бар ману фараҳ афшондӣ,
Сад шукр, ки бӯсаҳои урёни маро
Бо ин нафаси бирешимӣ пӯшондӣ.

Сад ҳайф чу кас ғуломи ҷисм асту тан аст,
Бедардии ӯ гаронтарин дарди ман аст.
Дар хонаи худ низ ғариб аст, ғариб
Он беватане, ки ҷисмаш ӯро Ватан аст.

Аз навдаи ҳар нахл наво меорам,
Аз софии ҳар чашма сафо меорам.
Худро чи хуҷаста аз Худо меорам,
Вақте ки ба хотирам туро меорам.

Дар роҳи ту ҳар ки рафт, ӯ гумроҳ аст,
Дар чашми ту ҳар ки монд, ӯ дар чоҳ аст.
Дар ҳалқаи оҳи ту ки монд, оҳ аз ӯ,
Умраш ҳама дар пераҳани як оҳ аст.

Он қадр қадамҳои туро пазмонам,
Он қадр ба ёди ту бисӯзад ҷонам.
То ки нарасад ба доманат гарди роҳ,
Дар роҳи ту об мезанад чашмонам.

Чун ишқи туям маро дар ин майдон кушт,
Фахрам, ки маро дар сафи ин мардон кушт.
Сад захми адӯ бар тани ман кора накард,
Як тири нигоҳи ту маро осон кушт.

Ангушти касе дари диламро кӯбид,
Оҳи нафасе гарди ғамамро рӯбид.
Ман дар бикушодам, ки паси дар кас нест,
Мушти дили ман дари адамро кӯбид.

пешина
аз 218
навбатӣ