Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Парвоз кунанд аз лаби ту, аз лаби ман,
Ин вожапарандаҳои тобу таби ман.
То сур баранд аз лаби ман бар лаби ту,
То нур баранд аз шаби ту бар шаби ман.

Ман қуфли худам, калиди ман бо ман нест,
Ҷуз маҳкамаи худам маро маъман нест.
То во бираҳам зи чоҳи тори нафсам,
Ҷуз равзани чашм дигарам равзан нест.

Эй ман, ки ҳамеша дар фаросӯи манӣ,
Андар ватанӣ, валек чун беватанӣ.
Як умр дар интизори хештан пушти дарӣ,
Дарро шиканам? Ва ё ки дар мешиканӣ?

Ишқест, ба сад захми ниҳонӣ зиндаст,
Мардест фақат ба пораноне зиндаст,
Дар қӯри дил ахгари ҷавонӣ зиндаст,
Яъне ки ҳанӯз зиндагонӣ зиндаст.

Пешонии ман парчами фирӯзи ҳаёт,
Ҳар рӯзи ман аст машъалафрӯзи ҳаёт.
Ҳар рӯзи ман аст аввалин рӯзи ишқ,
Ҳар рӯзи ман аст вопасин рӯзи ҳаёт.

Ин рафтани мо, ки ҳеҷ гаҳ рафтан нест,
Ин хуфтани мо, ки ҳеҷ гаҳ хуфтан нест.
Гуфтан зи лаби хомӯши гулҳо омӯз,
Аз гуфтани мо, ки ҳоҷати гуфтан нест.

Дар зиндагиям масти аҷал ҳастам ман,
Не бозичаи дасти аҷал ҳастам ман,
Бе ман, ки аҷал наметавонад будан,
Бо ҳастии худ ҳасти аҷал ҳастам ман.

пешина
аз 218
навбатӣ