ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Дар оташи нафси ту ҷаҳон месӯзад,
З-осемасарият осмон месӯзад.
Ин даҳр дар оташи забон месӯзад,
Оташ ту ба дил задиву ҷон месӯзад.
Аз оташи буғзи ман ҳаво сӯхт, дареғ,
Ин оташи кини ман маро сӯхт, дареғ!
Бо бурси ҳазорсолаи ҷангали кӯҳ
Уммеди наҷоти асли мо сӯхт, дареғ!
Бераҳмтар аз ман ба ҷаҳон кист, бигӯ?
Кӣ хуни замон ба гарданаш зист, бигӯ?
Ман сӯхтаму куштаму хӯрдам ҳамаро,
Подоши ман аз ҷаҳолатам чист, бигӯ?
З-ин ҷода бурун о, ки ба ҷойе бирасӣ,
Аз хеш бурун о, ба ҳавое бирасӣ.
Бо пайкари сабзи нахли навруста бисабз,
Боло равӣ аз худ, ба Худое бирасӣ.
Аз дасти ман ин замин таҳи партоб аст,
Ёди ману ёди ёди ман дар об аст.
Азбаски ба об оби рӯ рехт басе,
Пуробила об меравад, бетоб аст.
Ақраб, ки ба ҳашт по гарон меояд,
Бо заҳри ба дум такон-такон меояд.
Ин ақраби зишт дар шикам дорад чашм,
Ин ақраби зишт аз даҳон мезояд.
Мо кабки ҳилоли ин заминро куштем,
Оҳуву ғизоли ин заминро куштем.
Нафси бади мо, бубин, ки бо бераҳмӣ,
Мурғони хаёли ин заминро куштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё