ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ШАҲРИ ШОИР
Миллати мо миллати сарвода аст,
Дар ҷаҳон доди суханро додааст.
Шаҳри ӯ ҳатто ба номи шоир аст,
Шаҳри шоир – шаҳри Турсунзода аст.
ЛАБИ ДАРЁ
Ба дунё омадӣ дунё надорӣ,
Лаби дарё дили дарё надорӣ,
Муҳаббат омаду баргашт, ҳайҳот,
Ту қалбу чашму ҷони во надорӣ.
ДАР БЕДОРӢ
Дар бедорӣ туиву дар хоб туӣ,
Дар ойинаҳо туиву дар об туӣ.
Дар даст чӣ гуна гирамат об туӣ,
Аз чашм чӣ гуна ронамат хоб туӣ.
ХОҲӢ РАФТ
То чанд аз ин ҷода ҷулӯ хоҳӣ рафт?
Дар ҳирс фурӯ то ба гулӯ хоҳӣ рафт?
Бо ин ҳама коми бозу нафси носер,
Тарсам, ки ба коми худ фурӯ хоҳӣ рафт!
СУДЕ НЕСТ
Аз ману ту, туву ман суде нест,
Аз хамӯшӣ, зи сухан суде нест.
Гар сутунмӯҳраи бовар бишикаст,
Аз сутунмӯҳраи тан суде нест.
ЧИҲО ДОРАМ
Эй ки пурсӣ, чиҳо чиҳо дорам,
Ҷони бар меҳанам фидо дорам,
Ту ҳама чиз дорӣ, аммо ман
Ҳеҷи ҳеҷам, фақат Худо дорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё