Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ВОЙИ РӮЗЕ
Войи рӯзе, ки бузургон ҳама буз
Ё ки бӯзинаи бебок шуданд.
Войи рӯзе, ки занони Ҷамшед
Ҳама ҳамбистари Заҳҳок шуданд.

ПИЁЗ
Ин бесари сарфарзоро суде нест.
Ин саҷдаи бе намозро суде нест.
Тундии туро ҳарир кай пӯшонад?
Сад пираҳани пиёзро суде нест.

ТО ЧАНД?
Дар соҳили рӯд ташнакомӣ то чанд?
Бар ғӯлии хештан ғуломӣ то чанд?
Бо ту ҳама умр безару бесимам,
Ҳарчанд Зарафшон ту ба номӣ, то чанд?

СОЯ
Сояро раҳ мадеҳ ту аз пешат,
Соя бояд, ки дар қафо бошад.
Рӯ ба хуршед рав, намон соя
Пештар аз ту раҳнамо бошад.

СИЛОҲИ МО
Силоҳи дигарон чизе, ки бошад,
Силоҳи тоҷикон шеъру суруд аст.
Силоҳе, ки ҳама ҷоро кунад забт,
Салом асту паём асту дуруд аст.

КИТОБ
Аз ҳама тири балову зи дами оташу об
Сипари миллати тоҷик китоб аст, китоб.
Офтоби сару тӯмори балогардонаш
Ба дари миллати тоҷик китоб аст, китоб.

пешина
аз 218
навбатӣ