ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ГУЛРЕЗАҲО
Шеърҳои хурд
ДАР ПОЙИ ДИГАРОН
Эй кӯри хешу дидаи бинои дигарон,
Худро ба ҷой карда ту дар ҷойи дигарон.
Оё куҷо равонаӣ, оё куҷо расӣ,
Чун кафши дуздбурда ту дар пойи дигарон?!
ТАХТИ БАЛАНД
Ҳар қадар боло барандат, он қадар,
Мезанандат сахт бар рӯи замин.
Ин замон ҳаргиз маҷӯ тахти баланд
Чархуши сахтест дар чархи барин.
ДАСТ ДАР ОБ
Даст дар об бишӯям як умр,
Даст аз об намешӯям низ.
Ман ба дастони ту мерезам об,
Ту вале бар сари ман об марез.
МЕМОНАНД
Дар ҷавонӣ сари рахти ҳавасат мемонанд,
Чу шавӣ пир, ба коми қафасат мемонанд.
Аввал оина туро баҳри худ оростан аст,
Баъд оина ба пеши нафасат мемонанд.
МЕҲРИ ВАТАН
Аз «меҳри Ватан» қабои нав дар тан кард,
Ӯ як мани хешро ҳазорон ман кард.
Бо «ишқи баланд» хонаҳо сохт баланд,
Бо нафси чу ғор ғорати Меҳан кард.
ҒАМИН МАБОШ
Ин гуна ғамин мабош,бархез, Камол,
Ин гуна ғабин мабош, бархез, Камол,
Ҳамчун ба паси панҷараҳои зиндон
Бо чини ҷабин мабош, бархез, Камол.
БО МАН БОШ
Чун накҳати субҳи дилрабо бо ман бош,
Эй чашмаи поки босафо, бо ман бош,
Рафтанд зи ман пайи тамаъ ёронам,
Бигзор раванд. Эй Худо! Бо ман бош!
ОҒӮШИ ТУ
Оғӯши ту то саҳар буд оғуштаи ман,
Бишкуфт ҳама кӯҳу талу пуштаи ман,
Дарҳои биҳишт боз гардид ба мо,
Ман куштаи ту будаму ту куштаи ман.
МУБОРАКАТ БОД
Тавлиди навин муборакат бод, Камол!
То чархи барин муборакат бод, Камол!
Озодӣ аз ин озу аз ин озурон,
Дар рӯи замин муборакат бод, Камол!
ҒАРРА МАШАВ
Ҳо! Ғарра машав, фахр мапардоз чунин,
Бисёр бидидаему кардем яқин.
Ҳарчанд туро баландтар бардоранд,
Он қадр гаронтар бизанандат ба замин.
ҲАР РӮЗ
Мешавад умр равонтар ҳар рӯз,
Мешавад марг ҷавонтар ҳар рӯз,
Мешавад вазни мо сабуктар, лек
Бори мо боз гаронтар ҳар рӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё