ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ШАҲРИ ДУ ДАРЁ
Хуҷандо, шаҳри ду дарёи шодоб,
Ду дарё дар канори ту равон аст.
Яке дарёи рӯҳафрӯзи Сайҳун,
Яке дарёи ин соҳибдилон аст.
ЧӢ ДОРӢ?
Ҷон додаву ҷон дода ба ҷуз дод чӣ дорӣ?
З-ин дод чӣ суд аст, ба имдод чӣ дорӣ?
Умри ту ба «хуш бод!»-у, «фузун бод!» чу биггзашт,
Дар мушти гираҳбаста ба ҷуз дод чӣ дорӣ?
САНГҲО
Он лаҳза, ки рангҳо сухан мегӯянд,
Он лаҳза, ки сангҳо сухан мегӯянд.
Хомӯш, ки дар ҳарф намегунҷад дард,
Он лаҳза, ки нангҳо сухан мегӯянд.
ТУГМАИ ПИРОҲАН
Беканориҳои дунё баҳри ман
Дар канори гарми домони ту буд.
Тугмаи пероҳани бахту мурод
Тугмаи чоки гиребони ту буд.
РӮЗЕ КИ РАФТӢ
Рӯзе, ки ту рафтиву маро ҳам бурдӣ,
Дар ҷустани хештан шудам саргардон.
Дар ойина хостам бубинам худро,
Ойина тиҳӣ буд, набудам дар он.
ДАР ҲАР РАҚАМ
Дар ҳар рақами дунё
Ихлосу сипосе ёб,
Дар ишқ саодат ҷӯ,
Дар марг халосӣ ёб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё