Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

дасти росташон. Ҳазрати мир ҷойнишини худашонро ба ҳурмати эшони домулло Мирзо фиристоданд, барои он фиристодаанд, ки мардум ҳадди худашонро донанд,
– бо таъкид Ҳоҷимаҳмуд ин суханҳои таҳдорро ба забон меовард, ки Носирхитойю эшони Тошбой бишнаванд. Баъд ӯ фармони Иброҳимбекро боз ба мардум нишон дода, ба абрӯвонаш молида бӯсид ва ба эшони домулло Мирзо супурд: – гиред, эшони домулло, шукр гӯед, ки адлу адолат, инсоф ҳаст, шукр, ки ҳазрати мири музаффар Иброҳимбек ҳастанд ва боз ба мардум рӯй овард: –ҳамин хел, қавмо, шунавед, дониста бошед, ки Нилкон соҳиб дорад, ҳоло Ҳоҷимаҳмуд зинда, намурдааст. То зинда аст, барои нангу номуси қишлоқ, барои мардум, талош мекунад... – Ҳоҷимаҳмуд ҳар ду табақаи дари кандакории масҷидро боз намуд. – Эшони домулло Мирзо, марҳамат, пеш гузаред, боз як бори дигар фармони мири музаффар Иброҳимбекро бароятон муборак мегӯем, – гуфта боз ба мардум муроҷиат кард:
– Ҳамин тавр не, қавмо?!
– Ҳамин тавр, Ҳоҷӣ.
– Муборак шавад!
– Муборак, – гуфта ҳозирон ҷуръат пайдо карда ин суханҳоро ба забон меоварданд ва бо сарбаландӣ вориди масҷид мегаштанд.
Ҳама ба масҷид даромаданд ба ҷуз эшони Тошбой, Носирхитой ва йигитҳои силоҳбадасташ. Ба Носирхитой маълум гашт, ки Ҳоҷимаҳмуд шаб назди Иброҳимбек рафта будааст. Ӯ бори дигар Носирхитойро дар ҳоли ногувор, дар хиҷолат мононда. Вай бо йигитҳояш аз масҷид берун шуд, бо эшони Тошбой хайрухуш ҳам нагуфта аз Нилкон рафт. Дилаш пуркин, пурандӯҳ, пурғазаб. Аз Нилкон мерафту боз қасам ёд мекард, қасами Ҳоҷимаҳмудро мехӯрд, ки ӯро ба қатл мерасонад.

пешина
аз 182
навбатӣ