Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Худо нигоҳ дорад. Дар ҳоле ки мардум аз ҳарос сар боло карда наметавонистанд ва Носирхитой дуртар аз онҳо ҳодисаҳои пеши назараш ба амал меомадаро муоина дошт, Ҳоҷимаҳмуд боз ба гап даромад. – Фаромӯш кардетон, ки имомхатиби масҷидамон кӣ буданд? – бо овози баландтар боз давом намуд: – эшони домулло Мирзо! – Ҳоҷимаҳмуд аз ҷайбаш коғазеро бурун овард, – ана ин фармони мир, фармони мири музаффар Иброҳимбек, мӯҳру васиқа қати ба номи эшони домулло Мирзо. Худи мир фармон доданд, ки эшони домулло Мирзо имомхатиб бошанд, ба номашон нома ирсол карданд, тӯҳфа фиристоданд ва бастаеро, ки наз-
1 даш гузошта буд, кушод, ҷомаи корибирешимии зебое, ҷомаро ба китфи он кас партофт ва баъд боз ба ҳозирон рӯ оварда: – ҷомаро худи Иброҳимбек ба номи эшони домулло Мирзо фиристоданд. Салом гуфтанд, акнун эшони домулло Мирзо имоми якумрӣ мешаванд.
Муборак бошад, эшони домулло Мирзо. Ҳеҷ кас дигар ҳад надорад фармоиши мири фотеҳ, соҳибназар Иброҳимбекро рад кунад. Ё мегӯед бошад ҳамин хел одам? Не, ба хаёлам ҳеҷ кас аз ҷонаш сер нашудааст, мамлакат соҳиб дорад, – Ҳоҷимаҳмуд суханҳои охирашро гӯшона ба Носирхитой мегуфт. Ва баъд Ҳоҷимаҳмуд марди қоматбаланди дар паҳлӯяш бударо, ки дар бар яктаҳи сабзи дарозе дошт, ҳамроҳи Ҳоҷимаҳмуд омада буд ва аз миёни ҳозирон кӣ будани вайро танҳо Носирхитой медонист ва барои ҳамин ҳам аз ноилоҷӣ лаб зери дандон хомӯширо ихитиёр карда буд, ба ҳозирон нишон дода давом намуд: – Ана ин кас, ин меҳмони азизу иззатманди мо фиристода, намояндаи худи ҳазрати мир ҳастанд. Ҷойнишин, вазири

кор – матое, ки дар замони пеш мебофтанд.

пешина
аз 182
навбатӣ