БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Мухолифи гуфтаҳо, талабҳои бою амалдорон ҳарфе ба забон овардан наметавонистанд. Аз номи амир пуписа мешуниданд. Канахонаю зиндонҳои Бухороро ёд меоварданд. Бо ҳукми амир одамонро сар мезаданд. Сангсор мекарданд, ба дор меовехтанд.
Ҷаллодони амир зиёд буданд, зинда ба зинда аз тани одамон пӯст меканданд. Ҳама зери фармони амир Олимхон. Ҷаллод интизоре, ки баҳри қатли одамон ишорае бикунад. Амир Олимхон қасрҳо, кӯшкҳо, ҳарамхонаҳо дошта.
Аз қишлоқпораҳои онҳо ҳам духтарони паризодро пайдо намуда ба Бухоро, ба ҳарами амир Олимхон фиристода буданд. Оре, дар деҳа ҳама номи амир Олимхонро мешуниданд. Аммо ҳоло худи ӯ ба деҳаи онҳо меомада, меҳмонашон мегаштааст. Аз наздик. Дар рӯ ба рӯ амир Олимхонро мебинанд.
Албатта дар водии Ҳисор ҳазорҳо деҳаҳо мавҷуд аст.
Чаро амир маҳз ба деҳаи Нилкон меомадааст? Сабабаш маълум. Сокинони деҳаи Нилконро дар Бухоро, ҳатто худи амир Олимхон ҳам медонистааст. Яки онҳо ҳамсабақи устод С.Айнӣ эшони домулло Мирзо, баъд эшони Авлиё, эшони Аълам, эшони Судур, эшони Сайидхон. Ҳама аз авлоди Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, сайидзода, эшонанд. Шаҷара доранд. Дар деҳа мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф. Амир Олимхон аз шахсияти бузургвор, аз фазилатҳои эшон огоҳ буда, медонистааст, Ҳазрат соҳибкитоб, соҳибдевон. Китобҳояшон дар ҷое нигоҳ дошта шуда, ки хокдон ёфтаанд, соҳибкаромот будаанд, як валии вақт.
Амир ният карда, ки мазорашонро зиёрат мекунад. Ва ана бо ҳамин мақсад, бо мақсади зиёрати мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф меомада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё