Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Писандашон шуда ин мавзеъ. Дигар аз ин ҷо нарафта зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Ба шарофати онҳо инҷо обод ва серодам гашта. Ҷои рафтуомад, муридону муқаррабонашон. Ва ба ҳурмати эшон, ки аз ҷигарбандони Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будаанд, барои деҳа ном пайдо мешавад: Некон ном мегузоранд онро, деҳаи Некон. Аҳли деҳа ҳама сайидзода, эшонҳо. Сокинони деҳа имрӯз давоми он хонадон-хонадони ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонианд, шаҷараномаашон аз он зоти пок оғоз ёфта. Ва яке аз он ҷигарбандони ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф будаанд, ки мазорашон аз он рӯзҳо, аз охирҳои асри XIV монда. Мазори ҳазрат дар саҳни зебою барҳавои масҷид, дар ҷониби офтоббаро ҷой ёфтаанд. Дар рӯ ба рӯи мазор ду оромгоҳи дигар. Аз рӯи нақлу ривоятҳо яки он мадфани бародар ва дигаре хокдони хоҳари ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф Асмоҳ буда. Баъд як мадфани нав, он манзили абадии қиблагоҳи банда эшони Домулло Мирзо, ки ҳамдеҳагон охири моҳи июни соли 1950-ум он касро ҳамин ҷо ба хок супурдаанд. Шаҷараномаи аз авлоди ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будани аҳли деҳа дар замони ҳар шоҳигарӣ, миригарӣ бо муҳр тасдиқ мегаштааст.
Вале баъдҳо Шаҷаранома ба дасти ким-киҳо хӯрдааст, фарзандони ким-киҳои мегуфтаашон дар қайди ҳаёт ҳастанд, имкон ҳаст Шаҷаранома пайдо шавад ва нусхабардорӣ шуда дастраси ҳамагон гардад.
Имрӯзҳо яке аз фарзандони бофазли деҳа – эшони Ҷалолхон, ки аз пайи ҷустуҷӯи Шаҷараномаи ҳамдеҳагон афтодаанд, худашон шаҷараи чанд пушти сокинони деҳаро тартиб додаанд, ба кори мушкиле даст задаанд. Албатта, он камбудию норасоиҳо дорад, ному насаби баъзеҳо аз Шаҷаранома берун мондаанд ё ғалат навишта шудаанд.

пешина
аз 182
навбатӣ