БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ба ақидаи мудири мактаб мӯйсафед намемонад, ки ӯ дигар ягон корашро бо ихтиёри худ ба ҷо орад. Ҳар лаҳза ба нӯки забони Ризои Раҳмон кашол. Ба сари муаллиме овозаш баланд шавад, ин одам аз ҷояш мехезад. Муттакою сафедкунанда, вориси ҳама.
– Шумо, рафиқ Ризои Раҳмон, ба сари мардум дод нагӯед, мактаб бозори гов ё ҷои бузкашӣ не, муаллимҳо одамони саводнок, маълумотдор, неку бадро медонанд,
– гуфт Содиқи Ҷаъфар ба ӯ. Чанд бор Ризои Раҳмон ба ин одам танҳо ба танҳо суҳбат кард, бо нағзӣ ба ӯ фаҳмонданӣ шуд:
– Муаллим, шуморо бо ин умед ба мактаб наоварда будам, ёрӣ мерасонед, гуфта будам. Лекин душман шудед, хайр агар ёрӣ ҳам нарасонед, монед, кор кунам, зарар набиёред, – гила кард Ризои Раҳмон.
– Ман ба шумо душманоӣ надорам, ба фоидаи шумо гап мезанам, корҳоямон нағз шавад, мегӯям.
– Минбаъд дар маҷлисҳо гап назанед, – талаб кард аз муаллим Ризои Раҳмон. Вале мудири мактаб пеши даҳони муаллими худаш овардаро гирифта натавонист.
Ин одати ҷӯрагӯию беандешагии муаллими куҳансол ба шир омада будааст. «Худам роҳи рафтанамро медонам, ба ман ақл ёд надиҳед, рафиқ Ризои Раҳмон. Як одамҳое мехостанд, ба гапашон дароям, ки осмонро хала мезаданд, овозаашон дар олам буд. Лекин муроде ҳосил нашуд. Хаёл мекунед, ки ба гапи шумо медароям. На, ман ҳамин хел одам»... Умеди мудири мактабро канд ӯ.
Бо мудири мактабе, ки пеш Содиқи Ҷаъфар зери дасти ӯ кор мекард, дар Душанбе вохӯрд. Вай гашта баргашта аз ӯ пурсид: «Муаллими нав чӣ ҳол дорад? Аз ӯ розӣ аст? Алҳол пушаймон нашудааст?» Хандид, тамасхӯр кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё