Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Талбакҷони ман шир мегӯяд! Ӯ шир мехӯрад, дар
забонат садқа, – гуфт модар ба духтарак ва рӯ ба роҳи
деҳа овард. Он вақт байни деҳаю баморхона мошин намегашт. Одамон аспакию харакӣ меомаданд. Вале модар, ки зани ҷавону боқувват буд, пиёда мерафт. Аз хабари андак беҳтар шудани ҳоли писараш гӯё бол бароварда буд, роҳ намерафт ӯ, тарафи деҳа дар парвоз буд.
Вай зудтар ба деҳа расида, ба ҳаққу ҳамсояҳо хабар
доданӣ буд: Талбаки ӯ шифо ёфт, шир диҳанд, шир мехоҳад. Вале роҳ дароз буд, модар монда шуд. Ҳаво хунук, баъди тамоми рӯз барф боридан осмон кабкабуд
метофт, ситораҳо гӯё гулҳои осмон буданд. Ҳазорҳо
ранг медоданд. Аз паси теппа моҳ намоён шуд. Аввал
нимаи нон, баъд ба монанди як нони бутун шакл гирифт. Олами пур аз барф аз нурҳои он равшану зебо
гашт. Лекин ҳамин хел ҳам, ки бошад, ба дили модар
ваҳм омад. Аз паси чанд санги хонамонанд гузашт, даруни як ҷарӣ назараш ба сиёҳие ғалтид. Сиёҳӣ ранги
гов менамуд. Ҷон аз дасту пои Сабрия баромад. «Бало
будагист, бало». Ӯ шунидааст, ки сои Некону Моинкаҷ
бало дорад. Роҳи ӯ ҳоло ба даруни ҳамин сои ваҳмовар
афтода. Бо дили пурҳарос пеш давид, аз назди ҷарӣ гузашт. Вале гов аз паси ӯ меомад. Модар хам шуда аз
замин сангеро бардошта тарафи он ҳаво дод. Дудила
шуд: кори нохуб кард. Агар ин махлуқ гов нею бало
бошад чӣ? Ба сари бало санг андохт, аз роҳаш гардонд,
ана ба ҷонибаш меояд. Дар ин шабӣ, дар ин дашти арасот ҳолаш чӣ мешавад? Чи хел аз чанги бало мераҳад?
Ё он дар ҳақиқат гов аст? Худоё, ба бахташ гов бошад.
Аммо дар ин наздикиҳо хонаю ҳавлие нест, деҳаҳо дур.
Гов аз куҷо пайдо мешавад? Бо ҳарос боз рӯ ба роҳаш
ниҳод. Медавид. Мондашавӣ, хунукиро дигар ӯ ҳис намекард.

пешина
аз 182
навбатӣ