Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар деҳа шӯр мехезад. Талбаку келинаш таги гап мемонанд, таъна мешунаванд.
Кампир хеле бо ҳасрат ба дару деворҳои ҳавлиаш назар андохту ақиб гашт. Дар торикӣ гоҳе пояш ба кӯлмаки об мерафт, гоҳе болои калӯшҳояш пури лойқа мешуданд, ё ба сангу яхпорае пешпо хӯрда меафтод.
Роҳаш давом меёфт. Ҳамин хел аз як кӯча ба кӯчаи дигар мегузашт. Аз деҳа берун шуд. Дашти васее пеш омада буд. Олам аз барф сап-сафед метофт. Кампири Сабрия бо роҳаки борики миёни дашт мерафт. Гоҳе бод як лаби рӯймоли сарашро ба рӯяш мезаду аз зарби он чашмонаш об мегирифт. Ӯ роҳ мерафт, оҳиста, бо азоб ба пеш қадам мемонд. Сулфааш меомаду қоматашро болои асояш меандохт. Месулфид, нафас гӯё дар гулӯи ӯ дармемонд.
Ҳамин хел як бори дигар ҳам вай шабмонда шуда буд, он ҳам ба туфайли ҳамин Талбакҷонаш. Аз мактаб ӯро оварданд, касал шуда будааст. Як сару ҳазор болин.
Вайро ба беморхона бурданд. Талбакҷон дар беморхона хоб буду модар атрофи бинои он тор метанид. Ҷисму ҷонаш гудохта мешуд. Духтурҳо таскинаш медоданд.
Мегуфтанд, ки писаракаш шифо меёбад, модар хонааш раваду бихобад, дам гирад. Аммо дар назари модар хонаҳояш ваҳшаткада менамуданд. Не, вай бе писаракаш ба хонаҳои холиаш сар дароварда наметавонад. Онҳо барояш бе Талбак як ҷазираанд, ҷазираи дур аз ободиҳо, ваҳмоваранд.
Даҳ рӯз ҷои модар гирду атрофи беморхонаи деҳаи ҳамсоя буд. Боре нимаҳои шаб як ҳамшираи шафқат бо чеҳраи хандон аз назди писараки ӯ берун омад. Хотири модарро шод гардонд. Аҳволи Талбаки вай беҳ шуда, чашм кушода будааст. Шир пурсидааст.

пешина
аз 182
навбатӣ