Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар болои боғи эшони Искандархон палак доштанд, чи дурӯғ гӯям, ҳамон вақт ҳам бачаи беҷуруқ, беодоб будам, бо бачаҳо ҳар рӯз ба харбузадуздӣ мерафтем. Медонистем, ки ҳазрати домулло парво надоштанд, ки кӣ харбуза медуздаду кӣ харбуза мехӯрад, лекин домодашон Саъдулло бадқаҳр буд, – ва Ҳоҷӣ Қосим медид, ки дар маърака ҳама ба вай гӯш медиҳанд, ба шавқ омада хандида-хандида давом менамуд: – Ба Худо мӯйсафеди Саъдулло ҳоло ҳам гизала аст. Ҳамон рӯз вай маро вақти харбуза дуздиданам қапид, дошт. Эҳ, бовар кунед, вай ин қадар бераҳм аст, маро мезад, доду фарёд зада гирдаш мор барин мепечидаму вай маро бо як химчаи хордор мезаду мезад. Дар арвоҳашон мурам ҳамин вақт эшони домулло, ки дар болои чойлоб менишастаанд, ҳоли маро дида аз чойлоб фаромаданд, маро халос карданд, оби дидагонамро бо рӯймолча пок карда ба болои чойлоб бароварданд. Харбуза куштанд, харбузаро тилим-тилим карда «хӯр, бачам, хӯр», гуфта меҳрубониам карданд, баъд Саъдуллоро сарзаниш карда чанд харбузаю тарбуз чида дар як рӯймол баста ба дастам доданд ва гуфтанд, ки агар харбуза хоҳам назди худашон биоям, лек дуздӣ накунам.
Соҳибкаромот ҳам будаанд эшони домулло Мирзо.
Дар деҳа Бӯрибой ном шахсе мезиста. Фарзандонаш имрӯз дар қайди ҳайётанд. Бӯрибойро ҳамин хел ном, вале фақирона мезиста. Боре вақти намози шом ӯ дар тани эшони домулло Мирзо хилъати зебое мебинанд, ҳавасаш меравад, аз дил мегузаронанд, ки кош ҳамин гуна хилъат медошт.
Рӯзи дигар эшони домулло Мирзо баъди адои намози бомдод, Бӯрибойро наздашон хондаанд, меҳрубонона пурсупос карданд ва баъд хилъаташонро аз тан бароварда ба ӯ пӯшондаанд.

пешина
аз 182
навбатӣ