Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳолашон гурезогурез. Дар рӯзҳои сарашон ба болин омадан низ гуреза шудаанд. «Гунаҳгор» будаанд, гуноҳашон рӯзаю намозашон, гуноҳашон илмашон, шогирдонашон…
Боз гуноҳашон дар он буда, ки тавассути амалу рафтору кирдори нек овозадор шудаанд, пурбардошт, хоксор, бекина буданд. Хислатҳои неки эшони домулло Мирзоро мардум имрӯз ба хотир оварда ба якдигар панд медиҳанд.
Айни намози аср будааст, масҷид мерафтаанд, сари роҳ мебинанд, ки ду нафар бо ҳам дарафтода, бо ҳам дар хархаша, ҷанг. Яки онҳо бародари худашон эшони Маллаҳхон ва дигаре як ҳамдеҳаашон эшони Раҳим.
Эшони Раҳим Маллаҳхонро мезадаанд, сару рӯи бародари падарам пури хун. Эшони Раҳим ба халосгарҳо тан намедодаанд, ба сари бародари падарам медавидаанд. Падарам ин ҳолро дида, чи хеле гӯянд, чашмашон сих зада, тоқат накарда, ба миён медароянд, эшони Раҳимро як шаппотӣ мезананд. Аммо баъд пушаймон мешаванд, дар азоби руҳӣ мемонанд, фикр мекунанд, ки кори нохуб карданд. То намози шомро хондан тоқаташон намонда, баъди адои намози аср ба хонаи эшони Раҳим мешитобанд, аз он кас бахшиш мехоҳанд, узр мепурсанд. То имрӯз мардум ин амали эшони домулло Мирзоро ба хотир меоранд.
Ҳоҷӣ Қосим, Қосими Мӯъмин ки синни эшон ба ҳаштод расидааст, гоҳе агар сухан аз эшони домулло Мирзо ба миён ояд:
-Истед, истед, ман як гап мегӯям, – гӯён хаёли ҳамаро ба худ мегирад ва сипас сулфида-сулфида ба ҳикояташ сар мекунад:
– Ман, – ва такроран боз, – ман, гуфта чун одат тӯпии куҳнаи офтобхӯрдаашро аз сар гирифта сари зону хеста давом менамояд: – садқаашон шавам, эшони домуллоро хуб дар хотир дорам.

пешина
аз 182
навбатӣ