Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Хошоку хасе, ки мондаям аз ғами ту
Бар чашми парида, дар дилам мемонад».

Ангушт ба ҳам фушурд аз куштани ман,
Суде ба миён набурд аз куштани ман,
На май расидаш, на дурд аз куштани ман,
«Афсўс, ки хам нахурд аз куштани ман,
Мижгони хамида дар дилам мемонад».

САВДОИ РЎЗГОР
Мухаммас бар ғазали Суруш

Ҷонам ба лаб расида зи савдои рўзгор,
Тангӣ кунад барои дил паҳнои рўзгор,
Хуни дилам фурў чакад дар пои рўзгор,
«Авҷи ғам аст мавҷаи дарёи рўзгор,
Абрист осмони мусаффои рўзгор».

Дилро мадеҳ ту бар лаби хандони зиндагӣ,
Худро раҳон зи гўшаи зиндони зиндагӣ,
Дастат гираҳ намо ба занахдони зиндагӣ,
«Ноаҳлпарвар аст дабистони зиндагӣ,
Пур аз хатост дафтари имлои рўзгор».

Дунёст баҳри ҳар яки мо ҷои имтиҳон,
Ҳар неку бад, ки мерасад, он нест ҷовидон,
Дорам гила зи толеъу аз наҷми осмон,
«Афзуда гар шумори аҳолии ин ҷаҳон,
Кам мондаанд мардуми донои рўзгор».

Ҳар лаҳза мерасад ба мо аз ҳар тараф хатар,
Нахли умеди боғи мо хушк асту бесамар,
Бе зоди роҳ бигзарем аз ҷода ҳар саҳар,
«То по ба пои сояи шар меравад башар,
Уммеди хайр нест зи фардои рўзгор».

Ояд хабар ба гўши мо аз марги дигарон,
Бар боғи умру ҷони мо ҳам мерасад хазон,
Ҳаргиз намонад одамӣ дар даҳр ҷовидон,
«Овози тир медиҳад аз хонаи камон
Пайғоми талхи марги муфоҷои рўзгор».

Кай оҳи пай ба пай ғами садсола мебурад?
Хуршед норасида сари ҳола мебурад,
Дастам зи гардани маҳи қинғола мебурад,
«Боди аҷал чу теғ сари лола мебурад,
Чун Карбалост домани саҳрои рўзгор».

Аз хешу зиндагӣ дили инсон хавотир аст,
Дунё макони зисти мардони собир аст,
Беғам равад зи колбад ҷоне, ки тоҳир аст,

пешина
аз 103
навбатӣ