Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Дар лавҳи ёдҳо монад чу соядаст
Некии ҷовидон, бо худ чӣ мебарӣ.»

Андешае набуд ҳастем раҳнавард,
Будем мову ту пайваста дар набард,
Домонамон пур аст аз зарра-зарра гард,
«Холиқ ману туро тамдиди умр кард,
Эй ҷони ту ба ҷон, бо худ чӣ мебарӣ.»

Бар дўстон расон, пайко, паёми мо,
Дар маҳфили адаб, гў аз хитоми мо,
Бар аҳли дил расад рўзе каломи мо,
«Некўмароми мо, фардосаломи мо,
Ҳоло нарав, бимон, бо худ чӣ мебарӣ.»

ДАР ДИЛАМ МЕМОНАД
Мухаммас бар ғазали Суруш

Шаҳди начашида дар дилам мемонад,
Бўи нашамида дар дилам мемонад,
Субҳи надамида дар дилам мемонад,
«Оҳи накашида дар дилам мемонад,
Ашки начакида дар дилам мемонад».

Оҳуи муҳаббатам ба кўят нарамид,
Пои талабам ба роҳи ишқат начамид,
Афсўс, димоғ бўи васлат нашамид,
«То лолаи куртаи ту дастам нарасид,
Он домани чида дар дилам мемонад».

Чун моргазидае тапидан дорам,
Чун сабза ба роҳи ту дамидан дорам,
Аз бори фироқи ту хамидан дорам,
«Рафтиву сарангушт газидан дорам,
Ангушти газида дар дилам мемонад».

Чун зиндагӣ сар ба сар ҳама ҳарфи хатост,
Ин золи хабис душмани ҳар яки мост,
Пиндори вай аз дурўғу аз макру риёст,
«Монанди қаламчае, ки аз шоха ҷудост,
Пайванди бурида дар дилам мемонад».

Аз лаъли сухангўйи ту носер манам,
Аз шаршараи мўйи ту носер манам,
Аз накҳати дилҷўйи ту носер манам,
«Аз гандумийи рўйи ту носер манам,
Нони нагазида дар дилам мемонад».

Сад нома ба гиря хондаям аз ғами ту,
Аз хотири хеш рондаям аз ғами ту,
Бас сабза зи хун дамондаям аз ғами ту,

пешина
аз 103
навбатӣ