Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ

Дар мотами ҳамсоя пурғам нашудам, афсўс,
Бар сабзаи пажмурда нам- нам нашудам, афсўс,
Бар хони хаёли кас маҳрам нашудам, афсўс,
«Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсўс,
Дар олами инсонӣ олам нашудам, афсўс.»

Дар соҳили ин дарё бас печу хаме хурдам,
Дар дохили ин маъво бас печу хаме хурдам,
Дар ҳалқаи ин савдо бас печу хаме хурдам,
«Дар печухами дунё бас печу хаме хурдам,
Дар қуллаи армонҳо парчам нашудам, афсўс.»

Дар пеши раҳи сифла мехуфтаму болидам,
Авсофи варо аз ҷон мегуфтаму болидам,
Бо мижжа раҳи аъдо мерўфтаму болидам,
«Зоридаму нолидам, бишкуфтаму болидам,
Бар захми дили зоре марҳам нашудам, афсўс.»

То ин ки наосоям, дарду аламе доданд,
Фармони халосам не, заҷру ситаме доданд,
Ёрони ситампеша на ҷоми Ҷаме доданд,
«Якрўза ҳаётамро садсола ғаме доданд,
Як дам ба дили ғамгин ҳамдам нашудам афсўс.»

Бас роҳии ноором афзун ҳама ҷо, аммо
Вомондаи байни дом афзун ҳама ҷо, аммо
Ошуфтадилу ноком афзун ҳама ҷо, аммо
«Пайғамбари бепайғом афзун ҳама ҷо, аммо
Фарде нашуд арзанда, ман ҳам нашудам, афсўс.»

ЁРӢ МАКУН БО МАН
Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ

Вафо аз ту намехоҳам, вафодорӣ макун бо ман,
Бирав андар ғами худ бош, ғамхорӣ макун бо ман,
Ҷаҳони дўстдориро талабгорӣ макун бо ман,
«Дигар дар ҷомаи душман сари ёрӣ макун бо ман,
Ҷигардорӣ намедонӣ, ҷигархорӣ макун бо ман.»

Ба молу пайсаи аъдо кафи дастам намехорад,
Дилам дар мазраи мардум гули армон намекорад,
Зи абри ҳимматам ҷуз қатраи некӣ намеборад,
«Манам он шишае, ки сангро дуд аз димор орад,
Дили афсурдае дорӣ, дилозорӣ макун бо ман.»

Ман он чоҳам, ки дар тимори сад Юсуф бипардозад,
Ман он роҳам, ки раҳрав сўи фардо роҳ оғозад,
Ман он моҳам, ки шабро субҳи пуранвор месозад,
«Ман он коҳам, ки кўҳеро зи беху бун барандозад,
Наӣ чун ҳамтарозуям, сабуксорӣ макун бо ман.»

пешина
аз 103
навбатӣ