ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Хоҳам, ки ҷаҳон бод ба ҳар фард мукаррам,
Шоди хушию тарабам бод мусаллам,
Аз қасри вафо хишти муҳаббат нашавад кам,
«Қурбони замон гардаму устоди муаззам,
Додаст туро бахту шараф, ақли расоро.»
Монам сари худро ба ҳавас дар кафи пое,
Дар гўши дилам бод зи хурсандӣ навое,
Ҷуз кўи шумо нест ба мо боғи сафое,
«Дар дафтари Боқӣ наравад ҳарфи хатое,
Умрест сарояд ғазали сидқу вафоро.»
БИГЗАРАД
Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ
Ҳайфи авқоте, ки андар ёди маъман бигзарад,
Ҳайфи он рўзе, ки дур аз боғу гулшан бигзарад,
Ҳайфи он раҳрав, ки андар фикри сўзан бигзарад,
«Ҳайфи умри мард агар дар бистари зан бигзарад,
Ҳайфи умри зан агар бо оҳу шеван бигзарад.»
Оқилон дар олами бебаргӣ ҳайрон мешаванд,
Аз гуноҳу аз хатои худ пушаймон мешаванд,
Боз меоянд гирди ҳам, тану ҷон мешаванд,
«Олимон дар базми май дасту гиребон мешаванд,
Ҳайфи он дониш, ки дар баҳси тую ман бигзарад.»
Вои оне хешро як умр бар савдо ниҳад,
Дар талоши зиндагонӣ пои худ беҷо ниҳад,
Ношиновар ғарқ гардад, рўй бар дарё ниҳад,
«Тарсуе тарсида аз пилла ба пилла по ниҳад,
Ҳайфи умре, ки фақат бо бими мурдан бигзарад.»
Ҳайфи он таррор, ки набвад зи кори худ хиҷил,
Ҳайфи он номардуме болад ҳамеша з-обу гил,
Ҳайфи он дарё, ки набвад ҳаминони рўди Нил,
«Ҳайфи он кавдан, ки бошад тирамағзу тирадил,
Тира дида манзари дунёи равшан, бигзарад.»
Ҳайфи фарзанде, ки монад, пой бар хони падар,
Ҳайфи он теғе наорад раҳм бар ҷони падар,
Ҳайфи он раҳрав, ки созад тарк фармони падар,
«Ҳайфи он дасте, ки гирад аз гиребони падар,
Ғофил аз кайфияти дастобагардан бигзарад.»
Ҳайфи он авлод доим фасл хоҳад, васл не,
Ҳайфи он марде, ки умре насл хоҳад, фасл не,
Ҳайфи пире,ки ҳамеша асл хоҳад, насл не,
«Ҳайфи он ошиқ, ки танҳо васл хоҳад, асл не,
Бехабар аз асли дил аз кўчаи фан бигзарад.»
АФСЎС

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё