Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар дили ошуфтаи ман пайки ёре оваред,
Сўи нахли ташна оби чашмасоре оваред,
Нўшдору бар дили уммедворе оваред,
«Ё ба ман аз хоки пояш сурмаворе оваред,
Ё маро дар раҳгузори шаҳсавори ман баред!»

Орзуманди гули рухсори ёри навхатам,
Волаи нозу адои дилшикори навхатам,
Дар талоши бўсаву ёди канори навхатам,
«Ман қатили ғамзаи нози нигори навхатам,
Пай бад-ин маънӣ зи райҳони мазори ман баред…»

Оқибат, эй дўст, меафтем андар доми назъ,
Нафс оромад ба худ аз талхии бодоми назъ,
Соқии қисмат бирезад бода андар ҷоми назъ,
«Гар ҳамехоҳед ҷон осон диҳам ҳангоми назъ,
Ҷойи такбиру тиловат номи ёри ман баред!»

Бо сиришку оҳу зорӣ, гар равад Айнӣ зи даҳр,
Аз ҷафою дасти хорӣ, гар равад Айнӣ зи даҳр,
Бо ҳама уммедворӣ, гар равад Айнӣ зи даҳр,
«Дар парешонрўзгорӣ гар равад Айнӣ зи даҳр,
Ҷамъ биншинеду ёд аз рўзгори ман баред!»

НОИЛОҶ
Мухаммас бар ғазали Садриддин Айнӣ

Меҳри ў пинҳон намудам, хор гаштам ноилоҷ,
Дар хаёли чеҳрааш бедор гаштам ноилоҷ,
Шўҳра андар кўчаву бозор гаштам ноилоҷ,
«Чун гирифтори ҳавои ёр гаштам ноилоҷ,
Аз фироқаш хаставу бемор гаштам ноилоҷ».

Бурд сабри синаамро чун ба рухсори накў,
Дарди худро як ба як гуфтам барои оби ҷў,
Чун гирифтам ман ба хуни қалб дар ёдаш вузў,
«Ҳамчу кокул рўзу шаб афтодам аз дунболи ў,
Тираатвору парешонкор гаштам ноилоҷ».

Гоҳ-гоҳе ҳам нагаштам ҳамнишини аҳли дард,
Зиндагӣ буд бо дили бечораи ман дар набард,
Чун сипардам роҳи худро зери чархи лоҷвард?
«Ёри ман шуд бо рақибон кўчаву бозоргард,
Сухраи ҳар кўчаву бозор гаштам ноилоҷ».

Бомдодамро намуд ҳиҷрони он маҳ бесафо,
Андалеби қалби ман ҳаргиз наёмад дар садо,
Чун намурдам, солҳо мондам аз он маҳрў ҷудо?
«Нест бо ағёр он қаллошро меҳру вафо,
Дўстдори зумраи ашрор гаштам ноилоҷ».

пешина
аз 103
навбатӣ