ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Зи дасти чархи дун ҳар соате дар оҳу афғонам,
Чу коҳи монда дар саҳро ба ҳар ҷониб парешонам,
Намедонад касе дар маҳфили ғам дарди пинҳонам,
«Шудам фарши раҳи сангиндиле, аммо намедонам,
Зи бераҳмӣ назар бар хоксорон мекунад, ё на?»
Дил аз тангӣ ба ҷон омад, каломи нек нашнида,
Диҳад озор ҳар соат маро боре насанҷида,
Ба ҳарфи ҳосидонам гўш карду рафт ранҷида,
«Чу Яъқубам зи гиря сарнагун шуд хонаи дида,
Худоро, Юсуфи ман рў ба Канъон мекунад, ё на?»
Ба ҷуз васлаш надорам дар дили худ чун дигар матлаб,
Ба вақти назъи ҷон ҳам номи ў бошад маро дар лаб,
Нахоҳам ҷуз гадои кўйи ў будан дигар мансаб,
«Басе хуни ҷигар хўрдам зи ҳаҷри ў маро, ё Раб,
Даме бар хони васли хеш меҳмон мекунад, ё на?»
Агарчи кори мо умре ба авсофаш санохонист,
Ба ҳар лаҳза насиби мо ҳазорон оҳи пинҳонист,
Дареғо, дидаи мо аз саҳоби ҳаҷр боронист,
«Ба даври рўи ў ҷамъияти мо дар парешонист,
Сабо он зулфи мушкинро парешон мекунад, ё на?»
Ниҳоли қисмати дилро хазон омад, намедонам,
Зи ашкам халқи олам дар фиғон омад, намедонам,
Ба даъво ҳар сари мў бар забон омад, намедонам,
«Дилам аз фурқати рўяш ба ҷон омад, намедонам,
Дар ин ғурбат халосам аз ғами ҷон мекунад, ё на?»
Насозад нолаи шабҳои ман дар гўши ў таъсир,
Намепурсад зи ман боре, насозад дар ҷафо таъхир,
Ба зиндони ғамаш мондам, Зарифӣ, пой бар занҷир,
«Зи дарди дил басо бадҳолам, эй Саққо, бипурс охир,
Табиби ман давои дардмандон мекунад, ё на?»
БАРЕД
Мухаммас бар ғазали устод Садриддин Айнӣ
Сўи ў пайғомҳои бешумори ман баред,
Сабзаву гулҳои тар аз навбаҳори ман баред,
Муждае бар лоларўи беқарори ман баред,
«Дўстон, арзи умедам бар нигори ман баред!
Раҳмате бар хотири уммедвори ман баред!»
Ахтари толеъу моҳи шоми тори ман куҷост?
Офтоби хуштулўи нурбори ман куҷост?
Маҳваши гулчеҳраи ширинузори ман куҷост?
«З-ин диёру шаҳр тангам, шаҳриёри ман куҷост?
Лутф ореду маро дар шаҳри ёри ман баред!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё