Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Ҳар касе рўзи беҳӣ металабад аз айём,
Иллат он аст, ки ҳар рўз батар мебинам».

Мезанад шўъла ба сина ҳама ҷо оташи ғам,
Умри мо мераваду кам нашавад доғи алам,
Ғами моро накунанд коста дар маҷлиси Ҷам,
«Пешаи подшаҳон нест ба ҷуз ҷавру ситам,
Адлу инсоф ҳама зеру забар мебинам».

Дилбарон раҳ набаранд оини дилбозиро,
Таслият ҳеҷ набахшанд мани норозиро,
Бар фаромўшӣ супоранд дами мозиро,
«Шайху муфтӣ ҳамагӣ мўҳтасибу қозиро,
Ин ҳама дар талаби нуқраву зар мебинам».

Куфр эълон кунанд ҷашни вуруди Садаро,
Ҷои тафреҳ шуморад ҳама кас буткадаро,
Медиҳанд зеб ба гумроҳӣ дари майкадаро,
«Масҷиду мадрасаву хонқаҳ хилваткадаро,
Ин ҳама ҷои сагу гурбаву хар мебинам».

Ҳама кас банди хушиҳои зану фарзанд аст,
Дар ями нокасию бехирадӣ побанд аст,
Берун аз рои падарҳо паи чуну чанд аст,
«Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам».

Кўчаҳо пур шуда аз кўдаку тифли нолон,
Ғарқаи ғам шудаанд дар ҳама ҷо хушҳолон,
Лаби худ сурх кунанд, мўй зананд пирзолон,
«Аспи тозӣ шуда маҷрўҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам».

Аз ҷавонмардӣ нишон нест дар ин даҳри дудар,
Қиммати зиндагии хеш бубинанд ба зар,
Ҳодии халқ шуда булҳаваси ҷодугар,
«Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам».

Тухми нокомӣ зи гардун ба замин меборад,
Сухани тунд ба гўши ҳама кас мефорад,
Зумрае хоҳари худро зани худ бишморад,
«Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам».

Эй Зарифӣ, паси паскўча мадав, некӣ кун,
Баҳри абнои ҷаҳон ҷон ба гарав, некӣ кун,
Даҳр н-арзад ба яке донаи ҷав, некӣ кун,
«Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа, бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам».

ЧӢ ШУД?

пешина
аз 103
навбатӣ