ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Набинӣ дидаи гирён, куҷоӣ?
«Зи ишқат сўхтам, эй ҷон, куҷоӣ?
Бимондам бесару сомон, куҷоӣ?»
Анори пухтаӣ, хубу лазизӣ,
Ба ҳар сурат, ки бинам, ботамизӣ,
Зи ҷонам бештар бар ман азизӣ,
«На ҷониву на ғайр аз ҷон, чӣ чизӣ?
На дар ҷон, на бурун аз ҷон, куҷоӣ?»
Ба як ҷуръа ба гулгаштам расондӣ,
Зи хокам сабзаву гулҳо дамондӣ,
Ба гўшам ояи тавҳид хондӣ,
«Зи пайдоии худ пинҳон бимондӣ,
Чунин пайдо, чунин пинҳон, куҷоӣ?»
Ба доман гард дорам, лек бе ту,
Талоши фард дорам, лек бе ту,
Бас оҳи сард дорам, лек бе ту,
«Ҳазорон дард дорам, лек бе ту,
Надорад дарди ман дармон, куҷоӣ?»
Ба ёди оразат маҳзун бигаштам,
Ба саҳрои ғамат Маҷнун бигаштам,
Ба гиря ҳамдами Ҷайҳун бигаштам,
«Зи бас дар ишқи ту дар хун бигаштам,
На куфрам монду на имон, куҷоӣ?»
Ҳамехоҳам шароби талъати ту,
Шудам хун з-изтироби талъати ту,
Бирафт обам зи оби талъати ту,
«Зи шавки офтоби талъати ту,
Шудам чун зарра саргардон, куҷоӣ?»
Зарифӣ гашт ғамбемор бе ту,
Барад бо худ дили афгор бе ту,
Бувад бо дидаи хунбор бе ту,
«Чунон дилтанг шуд Аттор бе ту,
Ки шуд бар вай ҷаҳон зиндон, куҷоӣ?»
ЗАРАР МЕБИНАМ
Мухаммас ба ғазали Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Суд меҷўяму як умр зарар мебинам,
Пеши роҳам ҳама ҷо хавфу хатар мебинам,
Музлиму зор ба дар аҳли назар мебинам,
«Ин чӣ шўрест, ки дар даври Қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам».
Кас нагирад ба саропардаи имкон ором,
Пир дар майкада умрест ҳарифи маю ҷом,
Пой берун биниҳад халқ зи рои ислом,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё