ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Аз сари субҳ ҷома медўзам ба завқ,
Паҳлавононро биёрад то ба шавқ.
Ҷомаро бахшанд бар хурду калон,
Рўзи хурсандӣ ба расми армуғон.
Фўтаи гулдўзии манро нигар,
Баҳри худ, баҳри азизонат бихар,
Ҷомаам зеби қади болои туст,
Қалби ман маҳви рухи зебои туст.
Табақсозу қошуқсоз:
Дар ҳунар бигрифтам аз бобо сабақ,
Сохтам, аз баҳри ту зебо табақ.
То қурутобе кунӣ ту нўши ҷон,
Ҷўшӣ аз шодӣ ту чун баҳри дамон.
То шакаробаш ба ту арзон шавад,
Хуш бувад, оне ба ту меҳмон шавад.
Қошуқи озодаамро гир ба даст,
Рақс кун, дар пеши рў, эй кабки маст.
Зардўз:
Дар ҳунар ҳоло зарандўзӣ кунам,
Дар матоъ бо шавқ зардўзӣ кунам.
Офарам сад нақши тоза аз ҳунар,
То ҳунар манро намояд муътабар.
Посдори суннати аҷдод ман,
Зиннати ҳар хонаи обод ман.
Бар ба худ зардўзиямро, эй ҷавон,
Нақши ман монад ба олам ҷовидон.
Нонвой:
Нонвоӣ пешаи волои ман,
Аз ҳама аъло бувад маъвои ман.
Нони гарми ман бувад дармони ҷон,
Хуш бувад бар ошиқони рўи нон.
Нон набошад зиндагонӣ нест, нест,
Ишқварзӣ, шеърхонӣ нест, нест.
Муштарӣ аз нони гарми ман бихар,
Ҳар куҷо хоҳӣ, ба худ ҳамраҳ бубар.
Дуредгар:
Шодам аз ин бахт, ки наҷҷор ман,
Бар ҳама хурду калон даркор ман.
Чўбро бар гап дарорам дар замон,
Қад кашад бас қаср сўи осмон.
Кас набинад аз ҳунар ҳаргиз зарар,
Зар наҷўям, лек зар ояд зи дар.
Аз ҳунар бошам азизи мардумон,
Эҳтиромам мекунад хурду калон.
Кандакор:
Кандакорӣ пешаи мушкил бувад,
Лек касби хосаи муқбил бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё